Ахтаршиносии баҳрнавардӣ
Зоҳир
Ахтаршиносии баҳрнавардӣ, астрономияи баҳрнавардӣ — соҳаи ахтаршиносии амалӣ, ки дар санъати дарёнавардӣ истифода мешавад. Ахтаршиносии баҳрнавардӣ барои аз рӯйи ҷирмҳои мунир ва радифҳои маснӯи Замин муайян намудани самт, мавқеи киштӣ дар баҳр ва ислоҳи нишондиҳандаи асбобҳои самтгирӣ истифода мешавад. Мавқеи киштӣ дар баҳр (арз ва тӯли ҷуғрофии он) бо ёрии андозагирии баландии ҷирми мунир дар уфуқи дидашавандаи баҳр ё дар сатҳи уфуқи сунъие, ки бо усулҳои гуногун дар киштӣ фароҳам оварда шудаанд, муайян карда мешавад. Самти маҳалли ҷойгиршавии киштӣ дар асоси формулаҳои мусалласоти куравӣ муайян карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.