Ахтаршиносии куравӣ
Ахтаршиноси́и куравӣ, астрономияи сферавӣ — қисми астрометрия, ки усулҳои риёзии ҳалли масъалаҳои вобаста ба омӯзиши мавқеи зоҳирӣ ва ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ (Офтоб, Моҳ, сайёраҳо, ситораҳо, радифони маснӯъ ва ғайра)-ро дар гунбади осмон таҳия мекунад.
Мафҳум
[вироиш | вироиши манбаъ]Ахтаршиносии куравӣ дар замонҳои хеле қадим ба вуҷуд омада, яке аз қадамҳои аввалин дар роҳи омӯзиши зуҳуроти ахтаршиносӣ буд. Мафҳуми асосии ахтаршиносии куравӣ – гунбади осмон мебошад. Ҳар як самти гунбади осмон дар фазо бо нуқта тасвир мешавад ва аммо сатҳ бо доираи калон. Истифодаи гунбади осмон имкон медиҳад, ки таносубҳои риёзии байни самтҳоро ба ҷирмҳои осмонӣ хеле сода ва тасаввуроти мураккаби фазоӣ дар сатҳи кура ба шаклҳои нисбатан сода иваз карда шавад. Барои омӯзиши мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳаракати нуқтаҳо дар гунбади осмон ба он силсилаи координатаҳо (дастгоҳи мухтассот)-ро татбиқ мекунанд. Дар ахтаршиносии куравӣ силсилаи координатаҳои уфуқӣ (горизонталӣ), самоӣ (экваториалӣ, ду намуд) ва доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ) истифода мешаванд. Алоқамандии байни силсилаи координатаҳои гуногун ба тавассути формулаҳои мусалласоти куравӣ (тригонометрияи сферавӣ) амалӣ мегардад. Азбаски ахтаршиносии куравӣ ҳодисаҳои вобаста ба ҳаракати зоҳирии шабонарӯзии гунбази осмон (яъне ҳаракати зоҳирии ҷирмҳои осмонӣ вобаста ба ҳаракати Замин)-ро меомӯзад, ба кураи осмон даврзанӣ дар гидри меҳвари олам (аз шарқ ба ғарб) бо суръати кунҷии баробар ба суръати гардиши Заминро мансуб медонанд. Чунин модели кинетикӣ ҳодисаи гардиши Заминро дар осмон айнан такрор мекунад. Таносубҳои умумии байни координатаҳои уфуқӣ ва самоӣ барои муайян намудани вақт ва самт (азимут)-и тулӯъ ва ғуруби ҷирмҳои осмонӣ, лаҳзаи авҷи онҳо, кашидагӣ (элонгатсия), мавқеи ҷирмҳо дар лаҳзаи дилхоҳи вақт ва ғайра имкон медиҳанд. Яке аз масъалаҳои ахтаршиносии куравӣ муайян намудани шартҳое мебошад, ки дар онҳо ду ситораи интихобшуда дар баландии баробар мебошанд. Ин масъала барои муайян намудани координатаҳои ҷуғрофии нуқтаҳои сатҳи замин аз мушоҳидаҳои ахтаршиносӣ аҳаммият дорад.
Ҳисоби вақт
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз масъалаҳои муҳимми ахтаршиносии куравӣ муайян намудани асосҳои назариявии силсилаи нуҷумии ҳисоби вақт мебошад. Дар Ахтаршиносии куравӣ воҳидҳои вақт ва алоқамандии онҳо муоина карда мешавад. Ҳисоби вақт ба ҳодисаҳои табиии даврӣ – гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва даврзании Замин дар гирди Офтоб асос ёфтааст. Гардиш вобаста аз нуқтаи асосии дар кураи осмон интихобшуда (нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё Офтоб) шабонарӯзи ситоравӣ ё офтобиро муайян мекунад. Ҳангоми ҳисоб кардани шабонарӯзи ситоравӣ онро ба эътибор мегиранд, ки нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар натиҷаи ҳаракати тақдимӣ (претсессия) ва рақси меҳварӣ (нутатсия) мавқеи доимии худро дар кураи осмон нигоҳ надошта, дар як вақт ҳаракати пешраванда ва лапиш мекунад. Барои ҳисоби шабонарӯзи офтобӣ мафҳуми "офтоби миёна"-ро ворид мекунанд. Он нуқтаи хаёлиест, ки аз рӯйи хатти истиво (экватор) мувофиқан ба ҳаракати намоёни мураккаби Офтоби ҳақиқӣ аз рӯйи доиратулбуруҷ (эклиптика) мунтазам ҳаракат мекунад. Аз даврзании Замин дар гирди Офтоб соли тропикӣ муайян карда мешавад. Бузургии он ба даври ивазшавии фаслҳои сол баробар буда, асоси тақвим аст.
Координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ, ки бевосита аз мушоҳидаҳо муайян карда мешаванд, дар натиҷаи таъсири баъзе омилҳо саҳеҳ нестанд. Пеш аз ҳама тирҳои координата, ки бо тири ҳаракати Замин алоқаманданд ва ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ равона карда шудаанд, самти доимии худро нигоҳ надошта, дар натиҷаи ҳаракати тақдимӣ ва рақси меҳварӣ давр мезананд. Аз сабаби аберратсия (инҳироф) ҷирмҳои осмонӣ аз мавқеи воқеии худ чанде майлкарда ба назар менамоянд. Ба натиҷаи мушоҳидаҳо шикасти нур (рефраксия) ва ихтилофи манзар (параллакс) низ таъсир мерасонад. Барои бартараф намудани чунин хатоиҳо ба натиҷаҳои мушоҳидаҳо ислоҳ (редуксия) ворид мекунанд.
Ҳаракати тақдимӣ ва рақси меҳварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тири Замин дар натиҷаи ҳаракати тақдимӣ оҳиста-оҳиста (давраш 26000 сол) самти худро аз рӯйи сатҳи махрут тағйир медиҳад. Ба ин ҳаракати тир рақси меҳварӣ низ таъсир мерасонад. Мавқеи сатҳи доиратулбуруҷ низ дар фазо ниҳоят суст тағйир ёфта, бо он ҷойивазкунии нуқтаи эътидоли баҳорӣ – нуқтаи сарҳисоби силсилаҳои координатаҳои осмонӣ алоқаманданд. Дар натиҷа координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ дар координатаҳои самоӣ ва доиратулбуруҷии силсилаи координатаҳои осмонӣ тағйир меёбанд.
Аберратсия (инҳироф)
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавқеи зоҳирии ситораҳо дар кураи осмон дар натиҷаи аберратсияи нур аз мақеи ҳақиқии онҳо, ки сабаби он ҳаракати нисбии мушоҳид ва ҷирми осмонӣ аст, фарқ мекунад. Дар мавриди мушоҳидаи ситораҳо ҳаракати мушоҳид вобаста ба даврзании Замин дар гирди Офтоб (аберратсияи солона) ва гардиши он (аберратсияи шабонарӯзӣ), ҳангоми мушоҳидаи радифони маснӯи Замин аберратсияе, ки дар натиҷаи ҳаракати радиф дар гирди Замин ба амал меояд, ба назар гирифта мешавад.
Инҳирофи манзар
[вироиш | вироиши манбаъ]Азбаски мушоҳид дар фазо бо сабаби гардиши Замин ва гардиши он дар гирди Офтоб ҷой иваз мекунад, самтҳои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ низ тағйир меёбанд. Барои дарёфти бузургиҳои муқоисашаванда натиҷаҳои мушоҳида дар ҳолати якум (мушоҳидаи ҷирмҳои силсилаи Офтоб) нисбат ба маркази Замин ва дар ҳолати дуюм (мушоҳидаи ситораҳо) нисбат ба Офтоб ифода карда мешаванд. Бузургии кӯчиши инҳирофи манзар ба масофаи мушоҳид то ҷирми осмонӣ вобаста аст.
Шикасти нур
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи шикасти нури ҷирмҳои осмонӣ дар атмосфераи Замин онҳо ба тарафи сарсӯ (зенит) каме кӯчида ба назар мерасанд. Бузургии кӯчиш ба нишондоди шикасти ҳаво (аз ҳарорат, фишор ва ғайра) ва масофаи сарсӯии ҷирм вобаста аст. Натиҷаи мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмониро барои мақсадҳои амалӣ (муайян намудани координатаҳои ҷуғрофӣ, самтҳо, вақт), назариявӣ ва диг. пас аз бартараф намудани таъсири ҳодисаҳои номбурда истифода бурдан мумкин аст. Барои ҳисоби тасҳеҳоти дахлдор аз собитаҳои ахтаршиносӣ, яъне тавсифдиҳандаҳои ададии ҳодисаҳои зикршуда истифода мекунанд. Муайян намудани собитаҳои ахтаршиносӣ аз мушоҳидаҳои осмонӣ вазифаи алоқамандкунандаи ахтаршиносии куравӣ бо астрометрияи бунёдӣ (фундаменталӣ) ва механикаи осмонӣ, инчунин бо омӯзиши сохтори Замин мебошад. Ахтаршиносии куравӣ дар ахтаршиносии таҷрибавӣ васеъ ва бевосита истифода мешавад. Ба мафҳуми ахтаршиносии куравӣ инчунин масъалаҳои марбут ба муайян намудани координатаҳо дар сатҳи ҷирмҳои Манзумаи Офтоб, бахусус дар сатҳи Моҳ, ки ҳисоби рухгарди (либратсия)-и Моҳро тақозо мекунанд, дохил мешаванд. Ғайр аз ин ахтаршиносии куравӣ усулҳои ҳисоби хусуфу кусуф, ихтифоъ, гузар ва дигар ҳодисаҳои ба онҳо монандро меомӯзад.
Саҳми тоҷикон такмили риёзии ахтаршиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Саҳми олимони тоҷики асримиёнагӣ дар такмили бунёди риёзии ахтаршиносӣ бузург аст. Ҳалли секунҷаҳо ва ҳисоби координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ ба функсияҳои тригонометрӣ ниёз дошта, барои татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои риёзию нуҷумӣ сохтани ҷадвалҳои қиматҳои тригонометрӣ лозим буд. Ҷадвалҳои риёзӣ ва нуҷумӣ дар якҷоягӣ зиҷҳоро ташкил медоданд. Дар сохтани зиҷ, ҷадвалҳои тригонометрӣ ва рушди ахтаршиносии куравӣ Муҳаммади Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ , Абурайҳони Берунӣ, Насираддини Тӯсӣ, Алишоҳи Хоразмӣ, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ, Алоуддини Қушчӣ, Низомиддини Бирҷандӣ ва дигарон хидмати арзанда кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Собиров Г. Инкишофи математика дар Осиёи Миёна (асрҳои 15–17). Д., 2011;
- Robin M. Green. Spherical Astronomy. — Cambridge University Press, 1985. — ISBN 0-521-31779-7.
- William M. Smart, edited by Robin M. Green. Textbook on Spherical Astronomy. — Cambridge University Press, 1977. — ISBN 0-521-29180-1.
- Жаров В. Е. Сферическая астрономия. — М., 2006. — 480 с. — (Монографии и учебники). — 500 экз. — ISBN 5-85099-168-9.
- Куликов К. А. Курс сферической астрономии. М., 1969;
- Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII–XVII вв.). Кн. 2. М., 1983;
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.