Jump to content

Ахтоъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ахто́ъ (ар. اختاء‎), охта — яке аз муҳимтарин вазоиф дар дарбори Сомониён. Ба лиҳози ҳузури ғуломони фаровон, ахта кардан (бехоя кардани мард) вазифаи муҳимме дар дарбор буда, ки мутасаддии онро «ахточӣ» меномиданд. Вазифаи ахтоъ (ба туркӣ «ахтабек», «ахтачӣ», «охтачӣ») дар замони ҳукумати хонадонҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ва Эрон низ маъмул буд. Касеро, ки мутасадди ахта кардани ҳайвонот (аз қабили асп, гӯсфанд, буз ва...) буд, «ахточӣ», «ахтачӣ» ё «мирзо охур» низ меномиданд. Истилоҳи «охтахона», ки ба маънии «саисхона» истифода мешавад, бар решаи ахтоъ сохта шуда, яъне ҷое ки чаҳорпоён нигаҳдорӣ мешаванд, мебошад.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Бойматов Л. Д. Ахтоъ. // Донишномаи Рӯдакӣ. Ҷ. 1. Д., 2009.