Jump to content

Сурхай Ахундов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ахундов, Сурхай Гейдарович)
Сурхай Ахундов
Ахундов Сурхай Гейдарович
Таърихи таваллуд 13 феврал 1897(1897-02-13)
Зодгоҳ Боку, ҶШС Озарбойҷон
Таърихи даргузашт 1972(1972)
Маҳалли даргузашт Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти тиббии шаҳри Боку

Сурхай Аху́ндов (Ахундов Сурхай Гейдарович; 13 феврали 1897, Боку, ҶШС Озарбойҷон1972, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон) — невропатолог, доктори илмҳои тиб (1953), профессор (1954).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти тиббии шаҳри Боку (1930). Аспирант ва ассистенти Институти илмӣ-таҳқиқотии ҷарроҳии асаби Маскав (1930–36), дотсенти Институти якуми тиббии Маскав (1936–41), духтури ҳарбӣ дар набардҳои ҶБВ (1941–45), мудири кафедраи Институти тиббии шаҳри Боку (1946–54), мудири кафедраи Институти тиббии шаҳри Кишинёв (Молдавия; 1955–56), мудири кафедраи бемориҳои асаби Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1956–63). Фаъолияти минбаъдааш дар Институти тиббии шаҳри Тошканд гузаштааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 50 таълифот аст, ки ба масоили гуногуни анатомия ва патофизиологияи силсилаи аъсоб, нейрохирургия, бемориҳои асаб ва ғайра бахшида шудаанд.

  • Вопросы патогенеза и лечение судорожного припадка, Кишинёв, 1955;
  • Диагностика и лечении травматических повреждений периферических нервов, Сталинабад, 1957;
  • Клиника, диагностика и лечение опухолей спинного мозга и позвоночника, Сталинабад, 1960.