Jump to content

Ашир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аши́р (ар. عشير‎) — воҳиди андоза ба маънии «даҳяк», «як даҳум», «як даҳуми қафиз» ё «36 заръи мураббаъ» аз чизе.

Ашир аз воҳидҳои бисёр муҳимми замони Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр маҳсуб будааст. Чунончи, муаллифи китоби «Мафотеҳу-л-улум» як аширро баробар бо сиву шаш зироъи мукасира гуфтааст. Ашир бо ҳамин маънӣ дар асрҳои баъд низ маъмул будааст. Ашир ҳамакнун ба маънии воҳиди андозаи сатҳ ва ҳаҷм дар соири киш­варҳои исломӣ мавриди истифода аст. Тибқи ҳисоби В. Ҳинс як ашир баробар ба 6 зироъи ҳошимӣ дар мураббаъ ё = 15, 92 м. мукааб ва ба маънии андозаи ҳаҷм = ба 1\600 қурроъ ё ба ҳисоби имрӯз тақрибан 6 литр аст. Дар адабиёти гузашта ба маънии касе, ки бо каси дигар дар як ҷо зиндагӣ кунад ва хешованду ҳамсоя бошад низ, омадааст.

  • Хинц В. Мусульманские меры и веса с переводом в метрическую систему. Давидович Е. А. Материалы по метрологии средневековой Средней Азии. М., 1970.