Jump to content

Ашколу-л-олам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ашколу-л-олам» ё «Ашкол — ул — олам» (ар. أشکال العالم‎, шакли олам) — асари ҷуғрофиявии давраи Сомониён, ки ба қалами Абулқосим Ҷайҳонӣ тааллуқ дошта[1], ба забони арабӣ иншо шудааст.

Баъзе муҳаққиқон муаллифи «Ашколу-л-олам»-ро намояндаи дигари хонадони маъруфи Ҷайҳониён — Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ мешуморанд. Теъдоде аз донишмандон онро китоби Ибни Балхӣ донистаанд, ки гӯё Ҷайҳонӣ бо унвони дигар (яъне «Ашколу-л-олам») онро ба номи худ забт намудааст. «Ашколу-л-олам» аз муқаддима ва 25 иқлим иборат буда, оид ба авзои ҷуғрофиёии табиию иқтисодии мамолики Шарқи исломӣ маълумот медиҳад. Тарҷумаи форсии он садаи XIII бо фармони ҳокими Бухоро Алихоҷа аз ҷониби Алӣ ибни Абдуссаломи Котиб анҷом дода шудааст. «Ашколу-л-олам» соли 1989 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҷуғрофиёнависони машҳур чун Муқаддасӣ, Ибн Ҳавқал, Идрисӣ, Ибн Рушт, Гардизӣ ва нависандаи гумноми китоби «Ҳудуд-ул Олам», аз осори нодири «Ашкол ул-олам» истифода намудаанд.[2]
  1. Махкамов Саидкул Суяркулович. Тaвсифи Истaрaвшaни aҳди Сомониён дaр илми тaърихнигорӣ (2015). Проверено 10 май 2018.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 62.


  • Абулқосим Ҷайҳонӣ — Сомониён дар оинаи таърих [Китоб]. — Хуҷанд : Ношир «Раҳим Ҷалил», 1998. — Ҷилди II : саҳ. 39-78. (kmt.tj Бойгонӣ шудааст 13 ноябри 2017  сол.)