Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ашрафии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ашрафии Самарқандӣ
форсӣ: اشرفی سمرقندی
Таваллуд Самарқанд
Даргузашт 1194 ё 1192
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият шоир
Забони осор форсӣ

Ашрафии Самарқандӣ (форсӣ: اشرفی سمرقندی; ? — 1192, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз таҳсили илмҳои мутадовилаи замон ва касби камол ба Ироқ сафар кард. Аз он ҷо ба Исфаҳон омад ва ба хидмати дарбори Арслон ибни Туғрали Салҷуқӣ (ҳукмрониаш 1161—1176) дохил шуд. Дар интиҳои умр ба ватан баргашт. Тазкиранигор Авфӣ («Лубобу-л-албоб») аз вохӯрӣ ва шиносоияш бо Ашрафии Самарқандӣ, Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъу-л-фусаҳо») аз баландии мартабаи ӯ дар байни уламову фузало иттилоъ додааст. Аз Ашрафии Самарқандӣ девоне боқӣ мондааст, ки 2 ҳазор байтро дар бар мегирад. Қасидаҳои пандуахлоқӣ, мадҳӣ, танқидӣ (мазаммати зоҳирбинию насабпарастии ашрофи замон) дорад.

  • Суханварони Сайқали рӯи замин. Душанбе, 1973.