Ашҳарии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Ашҳарии Нишопурӣ
Ашҳарии Нишопурӣ
Санаи таваллуд:

асри XIII‎

Санаи марг:

1210(1210)

Навъи фаъолият:

Шоир

Ашҳарии Нишопурӣ (форсӣ أشهرئنیشاپوری) Шоҳфур (вафоташ соли 1210, Табрез), шоири форс-тоҷик. Ба қавли тазкиранигор Давлатшоҳи Самарқандӣ аз фозилону хуштабъони замон будааст. Насабаш ба Умари Хайём мерасидааст. Шогирди Заҳири Форёбӣ. Дар дарбори султон Муҳаммад ибни Тикиш муншӣ буд. Дар алқоб ва иншо рисолаҳо доштааст, ки якеашон «Рисолаи Шоҳфурӣ» мебошад.

Абёти зерин аз ӯянд:

Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё холи ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар, ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?

Адабиёт[вироиш]

  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. Душанбе, 1999.

Манбаъ[вироиш]

  • Адабиёт: