Умари Хайём

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Умари Хайём
Сурат
Намуди фаъолият:

риёзидон, ситорашинос, шоир, нависанда, файласуф, мусиқидон, мунаҷҷим

Санаи таваллуд:

12 май 1048

Зодгоҳ:

Нишапур

Мамлакат:

Салҷуқиён[d]

Санаи марг:

4 декабр 1131 (83 сол)

Маҳалли марг:

Нишапур

Умари Хайём дар Викианбор

Умари Хайём (порсӣ: عمر خیام‎) - шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва ситорашиноси бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Умари Хайём дар кӯдакӣ бо Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ҳаммадраса будааст. Аз руйи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии саньати Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кудакӣ ва наврасии Умари Хайём (1048-1066) дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шуҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баьдан таҳсили худро (1066-1047) дар Балх, Самарканд ва Бухоро давом додааст. Умари Хайём илмҳои дақиқ, аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайат, ситорашиноси ва фалсафаро ба хуби омухтааст. Қуръон, таьрих, ҳуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро ба хубӣ медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омухта, аз нозукиҳои санъати мусикӣ низ огахӣ доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими юнонӣ Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Хайём Қурьонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои риёзӣ зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Рисола» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарканд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шуҳрат бахшид. Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хоқон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон воқеъ буд, даъват шуда буд. Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи ситорашиносии дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо ҳамроҳии олимони дарбор дар обсерватория тадқиқот бурданд ва моҳи марти соли 1079 тақвими нав ихтироъ карданд, ки аз тақвими пешина 7 сония аниқтар буд. Дар Исфаҳон Умари Хайём ичунин доир ба илми риёзиёт шуғл меварзад. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир мерасонад. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба моҳияти умр ва ҳаёт таълиф гардид. Соли 1092 баъди фавти шоҳ Малик риштаи осоиштаи умри Умари Хайём ҳам ба охир расид. Дар давраи ҳукмронии Турканхотун, зани шоҳ Малик, Умари Хайём ягон дастгирӣ намедид. Обсерватория пушида шуд. Пойтахти давлат аз Исфаҳон ба шаҳри Марв кучонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар мадрасаи Нишопур машғули мударрисӣ шуд. Дар он ҷо ҳам тадқиқотҳои илмии худро давом дода, рисолае таҳти унвони «Дар бораи саньати муайян кардани миқдори тилло ва нукра дар моеъҳо»-ро навиштааст. Солҳои охири ҳаёти Умари Хайём бисёр ҳам вазнин газаштааст. Умари Хаём на танҳо чун олим ва файласуфи тавоно, балки ҳамчун шоири озодандеш ва дақиқбаён дар миёни мардум ва аҳли сухан шуҳрат ёфта буд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Умари Хайём дар пиронсолагӣ ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Шоир соли 1095 ба Арабистон меравад. Соли 1112 6а ватанаш — Нишопур баргаштааст. Баъди бозгашт аз ҳаҷ дар яке аз деҳаҳои назди Нишопур маскан гирифта, то охири умр он ҷо мондааст. Аз руйи маълумоти маъхазҳои адабии асрҳои миёна Умари Хайём оиладор набуд ва фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии фақирона гузаронида, 4 декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад. Ҳоло маркади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъҳо дар Нишопур мебошад, зиёратгоҳи аҳли ҳунар ва дустдорону алоқамандони шеъри порсӣ ва каломи мавзун аст. Дар сари қабри шоир мақбарае барҷост, ки ҳамеша гулафшону озода аст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дар солҳои ҷавонӣ Умари Хайём вақти худро бештар 6а омӯхтани илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайраҳо сарф кардааст, Умари Хайём олими барҷаста ва ҳакиме ошно ба дину фалсафа буд. Ӯ дар осори мансури худ шинохти табиат ва алоқаи табиатро бо дину дунё матраҳ месозад. Таълифоти вай зиёд нест ва аз чанд рисола иборат аст. Аз ҷумла, рисолае доир ба илми алҷабр алгебра, рисолае дар вуҷуд, мухтасаре дар табииёт, рисолаи “Лавозиму-л-амкина”, рисола дар кавну таклиф, “Наврӯзнома” ва теъдоди дигар, ки баъзе аз ин расоилро мансуб ба ӯ донистаанд. Дар тартиб додани Зиҷи Маликшоҳӣ низ Хайём нақши бузурге доштааст. Рисолаи Умари Хаём “Мушкилоталҳисоб” (Мушкилоти арифметика), асари арифметикӣ, соли 1066-1074 навишта шудааст ва он ёфт нашудааст. “Рисола фил барахин ала масайил алҷабр вал мукобила (асар оиди ҳал намудани масъалаҳои алгебра”, асари илми алгебра, соли 1069 навишта шудааст, ҳоло дастхатҳо дар Париж, Лейден, Лондон, Ню-Йорк мебошанд.

Мероси адабӣ[вироиш]

Аз мероси адабии Умари Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забон навиштаи ӯ боқӣ мондаанд. Аз шеърҳои ба забони арабӣ навиштаи шоир фақат 5 қитъа то давраи мо омада расидаанд. Аз шеърҳои тоҷикиаш бошад, дар баъзе маъхазҳо 172 ва дар баъзеи дигар 252 рубоӣ зикр ёфтааст.

Ба Умари Хайём асарҳои назарияи мусиқӣ, физика, ҷуғгрофия ва ҷадвалҳои астрономӣ низ тааллуқ доранд. Ҳамчунин дар соҳаи тиб дастовардҳои илмӣ ва назарии ӯро низ дар назар бояд дошт, ки қисман дар «Наврӯзнома» зикр гаштааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик номи Умари Хайём бо инкишоф ва ривоҷи анъанаи рубоисароӣ сахт тавъам аст. Бо баробари таълифи осори илмӣ, ӯ ҳамчун шоири маҳбуб ва рубоисарои беҳамто шӯҳрат ёфта, дар эҷоди жанри хурди лирикӣ тавонотарин шоир махсуб мегардад. Мавзӯи рубоиёти Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафӣ ва мушоҳидаҳои ӯро нисбати ҳаёт ва иҷтимоъ дар бар мегиранд.

Бар кузагаре парер кардам гузаре,

Аз хок хаменамуд хар дам хунаре,

Ман дидам, агар надид хар бебасаре,

Хоки падарон бар кафи хар кузагаре.

Масъалаи ишқу ошиқи ва ҳаётдустиву баҳравар гаштан аз неъматҳои дунё дар рубоиёти Хайём мақоми воло доранд. Хайём хар лаҳза ва ҳар соати умрро ғанимат мешуморад ва барои хушу гуворо гузаронидани умр такозо менамояд:

Гар як нафасат зи зиндагони гузарад,

Магзор, ки чуз ба шодмони гузарад.

Зинхор, ки сармояи ин умри ҷаҳон,

Умр асту бад-он сон гузарони, гузарад.


Рӯзе, ки гузашт,аз у дигар ёд макун,

Фардо, ки наомадаст ,фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунед макун,

Хуш бош кунуну умр бар бод макун.

Шоир якумр дар орзуи чомеаи хаёли ва афсонавие буд, ки дар он хама мардумон шодком бошанд ва гаму андух яксара аз олам бардошта гардад. Дунёи идеали, ки у тасаввур мекард, танхо аз хушбахтиву нишот иборат буда, ноадолативу бебарорихо дар он чой надошт. Дар ин рубоии Хайём орзуву ормони тамоми мардумони руи олам тачассум ёфтаанд:


Гар даст бар лавхи казо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Гамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,

В-аз шодди сар бар чарх афроштаме.

Дар рубоиҳои Хайём маънои мачози низ вучуд дорад, ки онро хонанда метавонад ба тарзи худ фахмад: ин мухаббат нисбати Офаридгор ва мехри бепоён нисбати инсон аст.

Аз сирри нухуфтаат хабар хохам кард,

В-онро ба ду харф мухтасар хохам кард.

Бо ишки ту дар хок фуру хохам шуд

В-аз мехри ту сар зи хок бар хохам кард.

Инсон ба Кахкашон шабохат дорад, имкониятҳои у ба мисли сипехр бепоён аст:


Моем, ки асли шодиву кони гамем,

Сармояи додему ниходи ситамем,

Пастеву баландему камолему камем,

Оинаи зангхурдаву чоми Ҷамем.

Дар нихояти сухан гуфтанием, ки тамоми рубоиёти Умари Хайём нишони ифтихор нисбати кувваи бузурги инсон ва муборизаи у алайхи беадалотихост:


Гар бар фалакам даст буди чун Яздон.

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расиди осон.[1]


Тарҷумаҳои рубоиёти Хайём[вироиш]

Ҳар як шиносоӣ бо ном, осор ва шахсияти Умари Хайём моро ба дарки асрори олами шеър, ҳикмат ва афкори баланди зиндагидӯстонаи ӯ мебарад. Зиёда аз нуҳсад сол мешавад , ки ному осор ва фалсафаи ӯ диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд , ки онҳо умри хеш сарфи омузиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд . Ба монанди К.Балмонт, И.Тхоржевский, Л.Некора, О.Румер, А.Старостин, С.Липкин, М.Ватагин,Т.Спендиарова, Г.Плисетский, Г.Семёнов, Н.Стрежков, В.Зайтсев, С.Бону, К.Арсенева, Д.Седих, В.Микрюков, А.Ревич, В. Державин, М.Синелников, Н.Орлова, А. Кушнев, А.Шербаков, И.Селвинский, Л.Пенковский ва даҳҳо дигарон.Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария ( ш. Сюрих) , донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар ( Женева) барои санҷиши қалам ва сайқали фикр ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.

Намунаҳои ашъор[вироиш]

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.              

:До нас сменялись дни и ночи чередой,

Светил вращенью и не грезился покой.                              
Будь осторожен и ступай на землю мягко,
Ведь это - прах красавиц под твоей ногой!    
Кай бошаду кай бошаду кай бошаду кай      
 Ман бошаму вай бошаду ҳам косаи май.                
Вай аз лаби май нӯшаду ман аз лаби вай,                  
Вай маст зи май гардаду ман маст зи вай.    

Когда же сбудется мечта? И сбудется ль  она?

Когда увижу я её и пиалу вина?              
Когда она, вина отпив, ко мне прильнёт  хмельна?
Когда смогу из уст её напиться допьяна?
Гӯянд маро, ки майпарастам, хастам,          
Гӯянд маро фосиқу мастам, ҳастам.
Дар зоҳири ман нигоҳ бисёр макун,
 К-андар ботин чунон ки ҳастам, ҳастам.

:Говорят, я пьянствую порой - да, это так!

Богохульничаю сам не свой - да, это так
Может быть, снаружи я такой - пусть будет так,          
Но в душе,поверьте, я  другой - и это так!Омар Хайям. [2]

Манобеъ[вироиш]

  1. 100 Рубоии Умари Хайём
  2. Сто рубаи (новые переводы). Состовители Абдували Давронов, Фарогат Искандарова.-Душанбе, 2007 

                                                                     

Пайвандҳои вобаста[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]