Ашӯров Ғаффор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

АШӮРОВ Ғаффор (таваллуд 5.3.1930, Тоҷикобод), файласуфи тоҷик, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001). Омӯзишгоҳи китобшиносии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи фарҳанг, 1948) ва Институти китобшиносии шаҳри Маскав (ҳозира Университети фарҳанги шаҳри Маскав) (1952)-ро хатм кардааст. Пас аз хатми институти мазкур аввал сармутахассиси Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва баъдан (то соли 1955) мудири кабинети методии ҳамин китобхона. Солҳои 1955–59 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1959–64 аввал корманди илмӣ ва сипас мудири Сектори таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Бо тавсияи академик А. М. Баҳоваддинов мудири шуъбаи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964–1988) таъйин шуд. Солҳои 1987–90 ва 1999–2000 узви раёсати Академия ва академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1990 сарходими илмии Институти фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1964 дар мавзӯи «Ақоиди фалсафии Но­сири Хусрав» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон таъйин гардид (то соли 1988). Дар давраи роҳбарии Ғ. Ашӯров ба Шуъбаи фалсафа таҳқиқи равандҳои гуногуни таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи табиатшиносӣ ва таҳқиқоти ҷомеашиносӣ дар савияи баланди илмӣ доир гардида, нашри осори мутафаккирони форс-тоҷик – Ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ривоҷ ёфт. Ғ. Ашӯров дар таҳлилу баррасии таърихи фалсафа ва афкори иҷтимоию сиёсии форс-тоҷик таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, бештар аз 200 мақолаи илмӣ ва рисолаҳои «Ақидаҳои фалсафии Носири Хусрав» ва «Фалсафаи аҳди Сомониён»-ро таълиф карда, ба нашр расондааст. Ғ. Ашӯров ҳамчунин яке аз муаллифони асарҳои бисёрҷилдаи «Таърихи фалсафаи СССР», «Таърихи халқи тоҷик», «Тамаддуни Осиёи Марказӣ» мебошад. Таҳти роҳбарии Ғ. Ашӯров 11 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд, ки ду нафарашон К. Олимов ва Х. Додхудоев докторҳои илманд. Бо ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» ва 2 Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. / А. Шарифов

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

  • Осор:
Философские взгляды Носи­ра Хусрава. Душанбе, 1964;
Философская и общественно-политическая мысль таджикского народа в конце XIX – начало XX вв. История философии в СССР. Т. 4. Москва, 1971, Т. 5. Москва, 1988;
Актуальные проблемы просветительства ⁄⁄ Известия АН РТ. 1995, № 1–4;
Интелектуальное развитие народов Средней Азии и Казахстана в XIX–XX вв. ⁄⁄ Цивилизация Центральной Азии, ЮНЕСКО. Т. 6, Париж, 2004 (на анг. яз.);
Философия эпохи Саманидов. Душанбе, 2006;
Общественно-политическая мысль таджикского народа во второй половине XIX – начало XX вв. ⁄⁄ История Таджикского народа. Т. 4. Душанбе, 2010.
  • Адабиёт:
Ғаффор Ашӯров. Материалҳо оид ба биобиблиографияи олимони Тоҷикистон. Душанбе, 1991.