Ноҳияи Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикобод |
---|
![]() |
Донистаниҳо |
Кишвар :🇹🇯Тоҷикистон🇹🇯 |
Вилоят :НТМ |
Марказ:Тоҷикобод |
Замони таъсис :12 августи соли 1949 |
Раиси ноҳия: Фақерзода Кадриддин Аббос |
Таҳиягар: Комрони Ғафурҷон |
Паҳноварӣ : |
Шумораи шаҳракҳо :1 |
Шумораи ҷамоатҳо :5 |
Аҳолӣ (2016) :44 420ҳаз кас |
Забони расмӣ :тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ :тоҷикӣ |
Мазҳаб :ҳанафи |
Сарвожа : |
ISO-намоя : |
Пешшумора : |
Нишонии почта : |
Замон : |
Вебгоҳ : |
Шумораи мошинҳо : |
Ноҳияи Тоҷикобод яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон аст. Маркази ин ноҳия деҳаи Тоҷикобод аст. Ноҳия бо фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон 12 августи соли 1949 дар натиҷаи муттаҳидкунии ноҳияҳои Қалъаи Лабиоб ва Ҳоити вилояти Ғарм таъсис ёфтааст. Деҳаи Қалъаи Лабиоб низ номи Тоҷикободро гирифтааст.
Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ноҳияи Тоҷикобод дар водии Рашт ҷойгир аст. Дар шимолу шарқ бо ноҳияи Ҷиргатол, шимолу ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб ва ғарб бо ноҳияи Тавилдара ҳамсарҳад аст.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Бино бар саршумори соли 2010 дар ноҳияи Тоҷикобод 37,4 ҳаз. тан бошанда будааст.[1] Мардуми ноҳияи Тоҷикобод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Тоҷикобод 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад.
Ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Лангаришо | 6659 | ||||||||||
Қалъаи лаби об | 8540 | ||||||||||
Нушор | 8432 | ||||||||||
Шогадоев | 6943 | ||||||||||
Ширинчашма |
Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарвари ноҳияи Тоҷикобод Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Тоҷикобод - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Тоҷикобод ба муддати 5 сол интихоб мешавад.