Ғаффор Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғаффор Ашӯров
Ғаффор Ашӯров
Навъи фаъолият:

олим, фалайсуф

Таърихи таваллуд:

5 марти 1930

Ғаффор Ашӯров - олим, номзади илми фалсафа (1964). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1976). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).[1][2]

Зиндагинома[вироиш]

Ғаффор Ашӯров Институти давлатии фарҳанги Москваро хатм кардааст (1952), ихтисос – «фалсафа». Самти асосии фаъолияти илмӣ: таърихи фалсафа. Мудири бахш (1960-1964), мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1964-1988). Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва узви Раёсати АИ ҶТ (1986-1989), и.в. академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, узви Раёсати АИ ҶТ (1999-2000). Сарходими илмии Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови (ҳоло – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (1990- то имрӯз).

Мукофот[вироиш]

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.
  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).

Манобеъ[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 5 марта 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-den-v-istorii-prognoz-pogody-na-5-marta