Анзоб
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ағбаи Анзоб)
Mountain range | Қаторкӯҳи Ҳисор |
---|---|
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Анзоб, Ағбаи Анзоб — ағба дар қаторкӯҳи Ҳисор. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3372 м. То ба истифода додани нақби «Истиқлол» аз ағба роҳи ягонаи мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Айнӣ — Панҷакент — Самарқанд мегузашт, ки аз охирҳои май то аввалҳои ноябр фаъолият дошт. Ҳоло ин роҳ аз нақби «Истиқлол», ки дар Анзоб канда шудааст, мегузарад. Дар ағба аз соли 1932 инҷониб истгоҳи обу ҳавосанҷии «Анзоб» кор мекунад. Аз ағбаи Анзоб хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол» мегузарад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анзоб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.