Ақоқиё
Ақоқиё | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Robinia.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Robinia pseudoacacia L., 1753 | ||||||||||||||||
паҳншавии табиӣ дар харита Амрико Шимолӣ | ||||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||||
|
Ақоқиё (лот. Robínia pseudoacácia) — як навъ дарахти ороишӣ. Қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд.
Тавсифоти биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]To 16 м қад мекашад, решааш устувор. Қутри шоху навдаи як дарахти ақоқиё дар якҷоягӣ то 9,5 м мешаванд; пӯстлохи шоху навдаҳояш дорчинии тира, навдаҳои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, дароз (12 – 24 см), думчааш кӯтоҳ (1,5 – 3,5 см), то охири тирамоҳ намерезад. Ниҳолаш баъди 4 – 7 сол гул мекунад. Хӯшагулаш сафед, хушбӯй (дарозиаш 7 – 11 см). Мевааш ғилофакмонанд, 4 – 10 дона тухм дорад; тухмаш сабз ё дорчинӣ. Ақоқиё дарахти рӯшноипарвард аст; ба камобӣ тоб меорад. Дар замини нарм ва ҳосилхез нағз рушду инкишоф меёбад (ниҳолаш то 8 – 10-солагӣ хеле зуд месабзад). Аз гули ақоқиё глюкозиди робинин, равғани эфир, аз баргу гулаш ранг, аз тухмаш равған ва аз пӯстлоху чӯбаш моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Гули ақоқиё хеле сершаҳд буда, барои занбӯрпарварӣ аҳамияти калон дорад.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тибби қадим ақоқиё барои муолиҷаи як қатор бемориҳо истифода мешуд. Абуалии Сино ақоқиёро барои муолиҷаи таб, гулмижа ва хирашавии чашм, ҷароҳати милки дандон, хунбалғамӣ, захми рӯда, боди фатақ (дабба), фаромадани бачадон, ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ва ғайра давои хуб ҳисобидааст. Дар тибби муосир гули ақоқиё барои табобати бемориҳои пешобдон, гурда, санги гурда ва шошадон, амрози меъдаю рӯдаҳо, тромбофлебит, радикулит, миозит, остеохондроз, тарбод, невралгия, грипп, сулфа ва илоҷи захмҳо кор фармуда мешавад. Истеъмоли ҷӯшоби гарми пӯстлохи шохаҳои нави ақоқиё барои давои туршии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, қабзияти шикам нофеъ аст. Алкалоиди робинин, ки дар таркиби узвҳои гуногуни ақоқиё вуҷуд дорад, заҳрнок мебошад. Бинобар ин ҳангоми истифодаи давоҳои аз ақоқиё таҳиягашта эҳтиёт бояд шуд. Ақоқиё барои сабзкорӣ, мустаҳкам кардани нишебиҳо ва чун дарахтзори муҳофизи боғоту токзор истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Колесников А. И., Декоративная дендрология, М., 1960;
- Качалов A. Л., Деревья и кустарники, М., 1970;
- Бухарев Г. Ф., Куйиков Н. С., Альбом пчеловода, М., 1971;
- Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.