Аҳадият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аҳади́ят (ар. أحدیت‎ – ягонагӣ, яктоӣ) — дар афкори ирфонӣ мартабаи олии Офаридгор (моҳияти мутлақи Илоҳӣ), ки бидуни ҳама гуна қайду шарт тасаввур мешавад. Дар ин мартаба ӯ хайри маҳз аст ва моҳияташ ба вуҷудаш баробар мебошад. Вақте Офаридгор аз ин мартаба берун ояд, бо мартабаи воҳидият рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин мартаба ӯ аллакай тамоми касратро билқувва дар ботинаш ниҳон дорад, яъне асмоъ ва сифаташ зоҳир мешавад. Дар ин сурат, агар ба ботини Худо бингарад, он аҳад аст ва агар ба зоҳираш бингарад, сурат мебошад. Масъалаи ваҳдат ва касрат аз ҳамин нукта сар мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]