Аҳвалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аҳвалӣ
Strabismus.jpg
Астробизм монеъ мешавад, ки нигоҳи ду чашм рӯи нуқтаи муштараке аз фазо мутамаркиз гардад.
МКБ-10

H49 49. H50 50.

МКБ-9

378378

OMIM

185100

DiseasesDB

29577

MedlinePlus

001004

eMedicine

/ 

MeSH

D013285

Аҳвалӣ, олусӣ, каҷчашмӣ (страби́зм, аз юн.-қад. στρᾰβήςкаҷ, ё ҳетеротропи́я, аз юн.-қад. ἕτεροςдигар + юн.-қад. τροπή, τροπάгардиш) — ҳолати чашм, ки дар натиҷаи он хатти биниши як чашм ба ашёи дидашаванда равон шуда, чашми дигар ба тарафи бинӣ (Аҳвалиӣ наздикшаванда) ё пешонӣ (Аҳвалиӣ дуршаванда) мегардад.

Аҳвалӣ дар натиҷаи ихтилоли кори мушакҳои чашм пайдо мешавад. Дар синни 2–3-солагӣ фаъолияти якҷои ҳар ду чашм босуръат ташаккул меёбад. Аҳвалӣ низ маҳз дар ин давра ба амал меояд. Низоми ҳамкории ҳар ду чашм аз таъсири осебу бемории мағзи сар, зарбаи рӯҳӣ (тарс), номукаммалии оптикии чашм (дурбинӣ ва наздикбинӣ) метавонад вайрон шавад. Ба пайдоиши аҳвалӣ баъзан бемориҳои сироятӣ (сурхча, махмалак, хуноқ, грипп ва ғайра) мусоидат мекунанд. Ҳангоми аҳвалӣ танҳо чашми солим фаъол буда, чашми олус аз фаъолият мемонад. Аҳвалиро ҳар чӣ зудтар табобат кунанд, барқарории босира бештар мегардад. Барои табобати аҳвалӣ аз номукаммалии оптикии чашм пайдошуда табиб пеш аз ҳама ба бемор ҳамроҳ айнак доштанро тавсия медиҳад. Айнакро ба кӯдакон аз 1,5–2-солагӣ таъйин мекунанд. Агар дар давоми 1–2 соли айнакӣ будан аҳвалӣ бартараф нашавад, пас, ҷарроҳӣ бояд кард. Барои ҷарроҳӣ синни 4–6-солагӣ бештар мувофиқ аст. Аксар вақтҳо ҷарроҳӣ аҳвалиро бартараф мекунад, вале барои барқарор сохтани баробаркории муътадили ҳар ду чашм машқҳои махсус лозиманд.

Сари вақт тафтиш кардани фаъолияти босира тадбири асосии пешгирии аҳвалӣ аст. Агар кӯдак ба ашё хам шуда нигоҳ кунад ё онҳоро ба чашм наздик оварда бинад, ӯро ба табиби чашм нишон додан лозим. Тадбирҳои беҳдошти умумӣ – сайру гашт дар ҳавои тоза, дуруст ташкил кардани истироҳати тобистонӣ, машғул шудан ба варзиш барои пешгирии аҳвалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Кащенко Т. П. Глазодвигательный аппарат. М., 2002;
  • Ковылин В. В. Хирургическое лечение псевдоптоза при вертикальном косоглазии. М., 2002.

Сарчашма[вироиш]