Jump to content

Аҳвоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Аҳвоз
форсӣ: اهواز
31°19′13″ с. ш. 48°40′09″ в. д.HGЯO
Кишвар Эрон
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 528 км²
Баландии марказ 23 м[2]
Минтақаи замонӣ UTC+03:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ ахва́зец, ахва́зцы[1]
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0611
Нишонаи почта 61000–61999

ahvaz.ir
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Аҳвоз дар харитаиБаҳрайнҚатарУммонКувайтТуркияАрманистонОзарбойҷонТуркманистонАфғонистонПокистонИроқАрабистони СаудӣОбъединённые Арабские ЭмиратыКаспийское мореПерсидский заливОрмузский проливОманский заливЮжный ХорасанЙездСистан и БелуджистанКерманХормозганФарсБуширХорасан-РезавиСеверный ХорасанГолестанМазендеранСемнанТегеранАльборзКумЧехармехаль и БахтиарияКохгилуйе и БойерахмедХузестанИламЛурестанЦентральный останИсфаханГилянАрдебильКазвинХамаданКерманшахКурдистанВосточный АзербайджанЗенджанЗападный Азербайджан
Аҳвоз
дар харитаи
Аҳвоз
Аҳвоз
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳвоз (форсӣ: اهواز‎ — Ahvâz, ар. الأهواز‎ — al-Ahwāz) — шаҳр дар ҷанубу ғарбии Эрон, маркази маъмурии устони Хӯзистон, бандари дарёи Корун. Аҳолӣ — 1 112 021 нафар[5]

Ҷуғрофиё ва аҳолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолиаш наз­дики 1,4 млн. нафар (2010). Маркази роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва аэропорт дорад.

Аҳвоз дар садаҳои V–IV то милод Оксин, дар замони Ҳахоманишиҳо Аваз ё Аваҷа ном дошт. Дар аҳди Сосониён Ҳурмузд – Ардашер (ба шарафи шоҳ Ардашери I) ном гирифта, садаҳои III–VII маркази тиҷорат ва киштигардии дарёӣ буд. Соли 638 ба Аҳвоз арабҳо соҳиб шуда, онро «Суқ-ул-Ахвоза» – «бозори хузиён» номиданд. Асрҳои 7–13 дар Аҳвоз шоҳибофӣ тараққӣ кард. Аҳвозро чандин бор арабҳо ва кӯчиёни Осиёи Миёна забту ғорат ва махсусан корезу шабакаҳои обёрии онро хароб карданд ва ин сабаби таназзули шаҳр гардид.

Имрузи Аҳвоз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар садаи XIX Аҳвоз аз нав эҳё шуд. Тараққиёти минбаъдаи Аҳвозро кашфи кони нафт (1908) муайян кард ва он чун маркази саноати нафти Эрон хеле пеш рафт. Лӯлаҳои интиқоли нафтӣ то макон­ҳои тавлидоти он (Ободон, Исфаҳон, Теҳрон) кашидашуда аз Аҳвоз мегузаранд. Коргоҳҳои саноати пӯлодгу­дозӣ, ки­миё, нассоҷӣ, хӯрокворӣ дорад. Дар Аҳвоз дониш­гоҳҳои тиб­бӣ, нафтию техникӣ, инчунин Дониш­го­ҳи Шаҳид Чам­рон фаъолият мекунанд. Маркази маъ­му­рию саноатии Аҳвоз дар соҳили рост ва қисми аҳоли­ни­шини он дар соҳили чапи дарёи Корун ҷой гирифтаанд.