Аҳкому-с-султония ва-л-валоёту-д-диния

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аҳкому-с-султония ва-л-валоёту-д-диния

«Ал-аҳкóму-с-султóния ва-л-валоёту-д-диния» (арабӣ: احکام السلطانیه و الولایات الدینیة‎) — асари имом Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммади Мовардӣ (вафот 1058-59) дар баёни аҳқоми шаръии сиёсат ва давлатдории исломӣ. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Он дар ҳаҷми як ҷилд буда, аз бист боб иборат аст ва ҳар боб ба мавзӯе бахшида шудааст. Аз ҷумла, боби аввал дар баёни паймони имомат (хилофат) ва боби бистум дар баёни аҳкоми муҳтасибӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱، بیروت، ۲۰۰۷
  • ۲. ابوالحسن بن محمد بن حبیب البصری البغدادی الماوردی. الاحکام السلطانیة و الولایات الدینیة. بیروت، ۱۹۷۸

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.