Jump to content

Аҳлиддин Ибодуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳлиддин Ибодуллозода
Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло
Таърихи таваллуд 28 май 1984(1984-05-28) (40 сол)
Зодгоҳ , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих

Аҳлиддин Ибодуллозода (28 майи 1984, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои таърих.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳлиддин Ибодуллозода 28 майи соли 1984 ба дунё омадааст. Дар соли 2007 шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст[1].

  • 2007—2009 — ассистенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ
  • 2009—2012 — аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДДОТ
  • 2012—2014 — муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ
  • 2014—2016 — мутахассиси раёсати илм ва навоварии техникӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • 2016 — муовини директории Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
  • 2016—2018 — сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2019—2021 — сармутахассис ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2021—2022 — директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон
  • Аз июни 2022 — Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 қадрдонӣ гардидааст.

  1. Ректори Донишгоҳ. www.tgpu.tj. 14 июни 2022 санҷида шуд.