Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
{{{тавсиф}}}
Санаи асосгузорӣ 1934
Ҷойгиршавӣ Душанбе
Сайт newnmt.tj
Бинои пештараи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Душанбе.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон. 2013

Осорхонаи миллии Тоҷикистон20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ кардааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе ҷойгир шудааст.

Таърих[вироиш]

Ифтитоҳи осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. 20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намудаанд. Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.[1]

Қисматҳои осорхона[вироиш]

Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, №1094 таъсис ёфтааст.[2] Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Шӯъбаҳои осорхона дорои толорҳои : канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи кадим ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори тӯҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.

Толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Корд»-туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин, «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)-туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ»- туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзиана Ингакан, «Шамшер»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, «Гулдони шишагин», «Армуғон», «Рангдон», «Ромби шишагӣ»-туҳфаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони 4, «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон Ғ. Бобозода, «Гулдон»-туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Н.К. Патрушев, «Лаълӣ»-туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Тоҷикистон С.С. Вирасурия, «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Русия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти кишвар туҳфа карда шудаанд.[3]

Хазинаи осорхона[вироиш]

Хазинаи экспонатҳои осорхонаи миллиро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ - 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, тӯҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ - 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд. Илова бар ин аз Осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба хазинаи осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.[4]

Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон[вироиш]

Соли 2014 бо қарори Шӯрои илмии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» китоби нахустин зери унвони «Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон» - Дунанбе, 2014, 176 с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) нашр шудааст. Шумораи нахустини китоби мазкур фарогири мавзӯъҳои муҳими осорхонашиносӣ, таърихӣ, сиккашиносӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ буда, дастранҷи олимону донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Мураттибони китоб:

  • А. Шарифзода «Истифодаи осорхонавии осори санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон»,
  • З. Иброҳимов «Осорхона муаррифкунандаи шукӯҳи давлатдорӣ»,
  • Т. Шарифзода «Намунаҳои хушнависӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон»,
  • Х. Камол «Шақиқи Балхӣ ва мазори ӯ»,
  • Д. Довудӣ, А. Хоҷаев «Хулбук кай сохта шудааст?»,
  • Х. Сафаров «Роғ дар масири таърих» ,
  • С. Асоев «Нава Виҳара ё худ Навбаҳор-маркази дини буддоияи Тахористон»,
  • М. Набиева «Аз сарнавишти Н. Махсум ва А. Хоҷибоев»,
  • Д. Довудӣ, А. Темурӣ «Иштироки кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳафриёти Миси Айнаки Афғонистон»[5]

«Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон» барои доираи васеи хонадагон, хусусан мутахассисоне, ки дар самти осорхонашиносӣ, таърихӣ, сиккашиносӣ ва бостоншиносӣ фаъолият доранд, тавсия шудааст.

Аксҳои бино[вироиш]

Аксҳои толорҳои осорхона[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ВА МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ КИШВАР
  2. Эҳдои 1173 адад ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ
  3. Эҳдои 1173 адад ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ
  4. ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ-ҶОИ ДӮСТДОШТАИ ТАМОШОБИНОН
  5. КИТОБИ ТОЗАНАШР ТУҲФА БА РӮЗИ ОСОРХОНА

Пайвандҳои беруна[вироиш]