Аҳли зимма
Áҳли зиммá (ар. أهل الذمة) ё зиммӣ — мафҳуми динӣ-ҳуқуқӣ, номи шаҳрвандони ғайримусулмон дар кишвари исломӣ, ки ҳифзи амният ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии онҳо бар зиммаи давлат ва уммати ислом аст. Вақте сокинони сарзамине аз дари мусолиҳа бо мусулмонон ворид мешаванд ва мехоҳанд дар ҳимояи давлат ва уммати ислом ба сар баранд ва ҳамзамон бар дину ойини худ боқӣ бимонанд, ислом ин пешниҳоди онҳоро мепазирад ва барояшон ба унвони ақаллиятҳои динӣ тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандиро кафолат медиҳад. Зимма аз решаи зимомат гирифта шуда, дар луғат ба маънои аҳду паймон ва кафолат додан аст ва барои он онҳоро аҳли зимма меноманд, ки дар аҳд ва амони мусулмонон дохил мешаванд.
Вожаи аҳли зимма дар аҳодиси Пайғамбар (с), номаҳои хулафои чаҳоргона, луғатномаҳо ва ҳамчунин дар китобҳои фиқҳ ба маънои фавқ тавзеҳ шудааст. Донишманди англис Рум Лонде дар китоби худ бо номи «Ислом ва арабҳо» дар ин бора менависад:
Бар хилофи императории масеҳиён, ки кӯшиш мекард диёнати масеҳиро бар тамоми раоёи худ таҳмил кунад, мусулмонон ба вуҷуди ақаллиятҳои динӣ эътироф карданд ва насрониён, яҳудиён ва зардуштиён дар назди онҳо аҳли зимма ва ё миллатҳои бархурдор аз ҳимоят номида мешуданд. |
Дар баробари ин шаҳрвандони ҳамешагии кишвари исломӣ аз ғайри мусулмонон – гурӯҳи дигар бо номи паноҳандагон – мустаъминин низ вуҷуд доштанд, ки бо сабаби сиёсие ва ё барои муҳоҷирати корӣ ба кишвари исломӣ паноҳ мебурданд ва онҳоро зиммии паноҳанда ва ё зинҳорӣ мегуфтанд. Онҳо низ комилан аз кафолатҳои ҳуқуқии Аҳли зимма бархурдор мегаштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- الدکتور صالح بن حسین آیید. حقوق غیر المسلمین فی البلاد الاسلام (ترجمۀ فارسئ آن حقوق غیر مسلمانان در کشورهای اسلامی. داود ناروی). تهران، ۲۰۰۷؛
- لغتنامۀ دهخدا. تهران، روایت چهارم. بدون سال نشر؛
- دائرة المعارف فارسی. ج. ۱، تهران ۲۰۰۸
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳли зимма // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.