Jump to content

Аҳли рафз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Áҳли рафз (ар. أهل الرفض‎) ё равофиз — мафҳуми динӣ-фирқашиносӣ, тоифаҳои мухталифи шиъа, ки пайравӣ аз ислом ба равиши аҳли суннат ва суннати манқул аз тариқи саҳобагони Паёмбар (с)-ро аслан қабул надоранд.

Аҳли рафз ба таърихи садри ислом бо диди дигаре нигариста, аксарияти мутлақи саҳобагони Паёмбар (с)-ро ситамкор, ғосиб ва берун аз дин медонанд, ки ҳаққи хонадони Расули Худо (с) – Алӣ ва фарзандонашро дар хилофат ва роҳбарии мусулмонон ба зӯр ғасб намудаанд. Бар ҳамин асос суннат ва ҳар мафҳуми диние, ки аз тариқи онҳо ба наслҳои баъдӣ интиқол ёфтааст, нодуруст, мағшуш ва аз эътибор соқит аст ва суннату дини дуруст танҳо ҳамон аст, ки аз тариқи имомони маъсум – аиммаи аҳли байт ривоят шуда бошад.

Решаҳои таърихии шаклгирии фикрӣ ва зуҳури фирқаи хавориҷу тоифаи рофиза – гурӯҳҳои мухталифи шиъа ба ҳайси гурӯҳи мухолиф ба охири замони хулафои рошидин рост меоянд. Ҳарчанд тамоюл ба шахсияти халифаи чаҳорум – Алӣ ибни Абитолиб ба ҳайси пешво ва халифаи мусулмонон пас аз вафоти Расул (с) ва ҳамзамон бо интихоби халифаи аввал ба вуҷуд омада буд, вале он то замони вафоти худи ӯ аз ҳавзаи гароиши фикрӣ ва андешаи сиёсӣ берун нарафт.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]