Jump to content

Аҳли Байт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳлу-л-байт)
Муҳаммад

Оила

Аҳли БайтҲамсарон
АвлодШарифонСаидон

Зиндагинома

ҚуръонСуннатСири Набӣ
Ҳазрати Муҳаммад дар Макка
Муҳоҷирати Тоиф
МеъроҷҲиҷрати Муҳаммад

ғайраҳо

МавлудСаловотҒазовот СаҳобаМасҷид ан Набӣ ҶоҳилияЗулфиқор

Аҳлу-л-Байт, Аҳли Байт (ар. أهل البیت, аҳл – бошанда, аъзо ва байт хона, яъне аъзои хонавода, авлод‎ — аъзои хонаводаи ҳазрати Муҳаммад Пайғамбар (ﷺ), ки аз худи Муҳаммад (ﷺ), писарамак ва домодаш Алӣ ибни Абитолиб, Фотима, Ҳасан, Ҳусайн ва минбаъд авлоди онҳо иборат мебошанд.

Аҳли Байт дар Қуръон

[вироиш | вироиши манбаъ]

وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِيَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآتِينَ الزَّكَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا  وَاذْكُرْنَ مَا يُتْلَى فِي بُيُوتِكُنَّ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ وَالْحِكْمَةِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا  ‎ 

Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад, ёд кунед. ҳаройна, Худо борикбину огоҳ аст!»

Фотима духтари калони ҳазрати Пайғамбар буд, ки бо Алӣ ибни Абитолиб издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд – Ҳасан ва Ҳусайн гардид ва аз онҳо минбаъд тамоми авлоди ҳазрати Пайғамбар (ﷺ) ба дунё омадаанд. Ҳазрати Фотима назди тамоми мусулмонон эътибору эҳтироми бузургеро сазовор аст. Унвони сулолаи Фотимиёни Мисру шимоли Африқо ва Давлати Фотимиён низ аз ҳамин ҷост. Ҳасан – фарзанди Алӣ ибни Абитолиб, дуюмин имоми шиъаҳо. Пас аз реҳлати Алӣ (611) Ҳасан дар Ироқ ба тахти имомат нишаст. Ироқиёни пайравони Алӣ Ҳасанро барои мубориза алайҳи суриёниҳо савқ доданд, вале Ҳасан кӯшид, бо Муовия гуфтушунид анҷом диҳад. Дар натиҷа Ҳасан аз Муовия 7 млн дирам рӯёнда, Куфаро тарк намуд ва ба Мадина омада, аз хилофату сиёсат дурӣ ҷуст. Хилофат ба осонӣ ба дасти Умавиён афтод. Ҳасан дар Мадина соли 669 аз заҳри қотиле ҳалок гардид ва шаҳид эълом шуд. Ҳусайн ибни Алӣ фарзанди дуюми Алӣ (а) пас аз фавти Ҳасан сеюмин имоми шиъиён интихоб гардид. Пас аз вафоти Муовия (680) мухолифати зидди Умавиён дар Ироқ авҷ гирифт. Шиъиёни Куфа, ки Ҳасанро имоми сеюми худ баргузида буданд, ӯро ба Куфа барои мубориза алайҳи Язид даъват намуданд. Ҳусайн бо қисме аз тарафдорони худ ва хешу ақрабояш сӯи Куфа мерафт. Дар Дашти Карбалои наздикии Куфа 10 октябри соли 680 лашкари сершумори Умавия Ҳусайнро дар муҳосира гирифт ва 72 нафарро аз ҷумлаи сипоҳиёну хешу табораш бераҳмона ба қатл расонда, сарҳои Ҳусайну хешовандонашро ба Димишқ барои халифа фиристоданд. Аз он рӯз Ҳусайн «Саййид-уш-шуҳадо» хонда шуд ва шиъиёни исноъашарӣ ин рӯзро мотам эълон карда, ҳамчун рӯзи Ошуро қайд мекунанд.

Аҳли Байт аз дигоҳи шиъаён

[вироиш | вироиши манбаъ]

Манзур аз ба вуҷуд омадани чунин як истилоҳи мазҳабӣ он аст, ки халифаи Пайғамбар (ﷺ) – имом мебоист барои таъбири таълимоти ислом ва роҳбарии маънавӣ ба мусулмонон салоҳияти қонунӣ дошта бошад. Ба ақидаи аҳли ташайюъ чунин шахс метавонист танҳо аз ҷумлаи Аҳл-ул-Байт пайдо шавад. Як омили муҳим, ки сабабгори ба фирқаҳо тақсимшавии аҳли ташайюъ аст, ақидаҳои мухталиф доир ба таркиби Аҳл-ул-Байт мебошанд. Шиъиён аз ибтидо ба улуҳияти хонадони Пайғамбар Муҳаммад (ﷺ) ва мушаххасоти хосси авлодӣ доштани аъзои он бовар доштаанд. Чунин сифот имомро аз Аҳл-ул-Байт ҷудо менамуд ва ӯро бо ҳидояти илоҳӣ шоистаи роҳбарӣ ва пешвои мусулмонон дар роҳи сирот-ал-мустақим мекард. Аммо дар ҳамин давраи шаклёбӣ, бо вуҷуди он ки имомони баъд аз имом Ҳусайн басарихилофатомада асосан аз хонадони Алӣ буданд, хонадони Пайғамбар (ﷺ) ҳанӯз ҳам ба маънои васеъ дар асоси омилҳои қабилавӣ муайян мегардид. Чунин таъриф шохаҳои гуногуни авлоди Ҳошим, хонадони бузурги қурайшиҳоро, новобаста мустақиман аз насли Пайғамбар (ﷺ) будан ё набудан, дар бар мегирифт. Пас ба Аҳл-ул-Байт ворисони Муҳаммад (ﷺ) аз тарафи духтараш Фотима ва домоду писарамакаш Алӣ ва ҳамчунин ворисони амаки ӯ ва ҳатто Аббосиён, ба хусус Аббос (653), ки исломро танҳо соли 630 қабул карда буд, дохил карда мешуданд. Алавиёни Фотимӣ ва ғайрифотимӣ, ҳамчунин дигар Ҳошимиёни ғайриалӣ – ҳама ворисони падарии Пайғамбар (ﷺ) – Абдулмуталлиб зоҳиран худро шоистаи узвият дар Аҳл-ул-Байт медонистанд. Баъдтар доираи Аҳл-ул-Байт маҳдудтар шуда, ба он фақат ворисони Муҳаммад (ﷺ) (аз тарафи Фотима ва Ҳасаниёну Ҳусайниён) дохил мешуданд. Минбаъд тамоми имомони низорӣ ва исноашарӣ низ ба Аҳл-ул-Байт маҳсуб дониста мешуданд, вале имомат аз тариқи насс ҷорӣ шуда, танҳо аз падар ба писар ё ба набераи писарӣ мегузашт.[1]

  • Энциклопедический словарь Брокгауз и Ефронь. Т. 78, СПб., 1903;
  • Беляев Е. А. Арабы, ислам и арабский халифат. М., 1966;
  • Ислам, М., 1983;
  • Фарҳод Дафтарӣ. Исмоилиён: таърих ва ақоид. М., 1999;
  • Доро Наҷот. Ҳумои раҳмат. Д., 2006.
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.154-155 / Б. Раҳматов.