Алӣ ибни Абутолиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алӣ)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Алӣ ибни Абутолиб
араб. علي بن أبي طالب
сурат
Халифаи рошид
 656 — 661
Пешгузашта:

Усмон ибни Аффон

Ҷонишин:

Ҳасан ибни Алӣ


Иттилооти инфиродӣ
Ном:

Абул-Ҳасан Алӣ ибни Абу Толиб ал-Қурайшӣ

Лақаб:

Шери Худо

Касб, шуғл:

ходими давлатӣ, қозӣ, фақеҳ, муҳаддис, mufassir, judge

Санаи таваллуд:

17 марти соли 599

Зодгоҳ:

Макка

Санаи марг:

28 феврал 661({{padleft:661|4|0}}2|0}{{padleft:28|2|0}}) (61 сол)

Маҳалли марг:

эль-Куфа[d]]], Ироқ, Халифаи рошид[d]]]

Маҳалли дафн:

Масҷиди Имом Алӣ[d]]]

Кишвар:

Black flag.svg Халифаи рошид[d]]]

Миллат:

араб[d]]], қурайшӣ[d]]] и Hashemite[d]]]

Эътиқод:

Ислом

Падар:

Абутолиб ибни Абдулмуталлиб[d]]]

Модар:

Fatimah bint Asad[d]]]

Ҳамсар

Фотима бинти Муҳаммад, Khawlah bint Ja'far[d]]], Umm ul-Banin[d]]], Umamah bint Zainab[d]]] и Asma bint Umays[d]]]

Фарзандон:

Муҳсин ибни Алӣ[d]]], Ҳасан ибни Алӣ[d]]], Ҳусайн ибни Алӣ, Аббос ибни Алӣ[d]]], Абдуллоҳ ибни Алӣ[d]]], Ҷаъфар ибни Алӣ[d]]], Muhammad ibn al-Hanafiyyah[d]]], Zaynab bint Ali[d]]], Umm Kulthum bint Ali[d]]], Ҳилол ибни Алӣ[d]]], Усмон ибни Алӣ[d]]] и Ruqayya Mashhad[d]]]

Ҷанг:

Ҷанги Бадр[d]]], Ҷанги Уҳуд[d], Ҷанги Хайбар[d]]], Conquest of Mecca[d]]], Battle of the Camel[d]]], Battle of Siffin[d]]] и Battle of Nahrawan[d]]]

Нуфуз:

суннӣ

Шабоҳат:

Rukne Yamani[d]]]


Иттилооти иловагӣ
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Алӣ ибни Абу Толиб (арабӣ: علي بن أبي طالب) — халифаи чаҳоруми хилофати араб, писари амак, домод ва саҳобаи ҳазрати Муҳаммад буд. Номи пурра — Абул-Ҳасан Алӣ ибни Абу Толиб ал-Қурайшӣ. Лақаб — Шери Худо.

Таърих[вироиш]

Алӣ тайи панҷ солу шаш моҳ, ки хилофат кард, пайваста гирифтори ҷанг буд ва се гурӯҳ аз мухолифони ӯ буданд. Гурӯҳи нахустин касоне буданд, ки бо ӯ байъат карда, сипас паймоншиканӣ карданд (Талҳа ва Зубайр), ононе, ки аз тобеият ба Алӣ сар боз заданд Муовия ибни Абусуфия ва ононе, ки аз дар дин навоварӣ ҷорӣ карда, аз он берун рафтанд (чун хавориҷи Наҳравон).

Зиндагии Алӣ боризтарин ва ибратомӯзтарин намунаи ҷонфидоиҳо буд дар роҳи Худо, дар роҳи Ҳақ ва ҳакиқати ислому суннати поку муқаддаси Расули Худо (с). Пас мардумон аз паси Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу бо Ҳасан ибни Алӣ байъат карданд. Ва нахустин касе ки ба ӯ байъат кард, Қайс ибни Саъд ибни Ибода буд, гуфт: «Байъат мекунам бо ту бар ҳукми Худои таоло ва бар суннати пайғамбар (с)». Ва ҳамон рӯз донистанд мардумон, ки Ҳасанро нияти ҳарб кардан нест. Ва чун мардумони Куфа ва Ироқ бо Ҳасан (р) гирд омаданд ва гуфтанд: «Сипоҳ берун бар» Ҳасан чора наёфт, аз Куфа берун омад бо чиҳил ҳазор мард ва ба Мадоин омад.

Алӣ ибни Абу-Толиб ва фарзандони ӯ.

Ва Қайс ибни Саъд ибни Ибодаро бар муқаддима бифиристод бо дувоздаҳ ҳазор мард. Ва ба аввали ҳадди Шом бинишаст шашуми моҳи раббеъ-ул-аввал ба соли чиҳилу як ва Муғира ибни Шӯъба ба Макка буд аз қибали Алӣ ва чун Алӣ (р) кушта шуд, Муовия мар Муғираро аҳди Макка дод. Ва ба хабари дигар андар эдун гуфтанд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба Басра буд, ки Алиро бикуштанд. Ва кас фиристода буд, ки аз ӯ шумор хоҳад. Ва Ҳасан чандин гоҳ ба Мадоин нишаста буд. Чун мардумон донистанд, ки ӯ ҳарб нахоҳад кардан, ҳар касе ҳилаи кори хеш ҳамекарданд ва сӯи Муовия ҳамегурехт. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нома кард сӯи Муовия, ки ман сӯи ту оям ба Шом бад-он шарт, ки шумори Басра аз ман нахоҳӣ. Муовия иҷобат кард. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос ба Шом шуд. Ва гурӯҳе эдун гӯянд, ки ин Убайдуллоҳ буд бародари ибни Аббос, ки аз Муовия сулҳ хост бар он ки бо ӯ шумори Басра накунад. Иҷобат кардаш. Ва Убайдуллоҳ сӯи Муовия шуд. Ва сипоҳ бар Ҳасан ибни Алӣ (р) бишӯриданд ва аз ӯ дирами байъат хостанд ва хештанро ба саропардаи андар афканданд ва ғорат карданд ва ӯро маҷрӯҳ карданд. Ва Муовия биёмад бо ҳама аҳли Шом. Ва бар ҳадди Ироқу Шом ҷое аст, он ҷо Маскин хонанд, он ҷо бинишаст. Ва кордори Ҳасан бар Мадоин Саъд ибни Масъуд буд, амми Мухтор ибни Абиубайд ас-Сақафӣ. Ва Мухтор бериш буд ҳануз ва бо амм буд. Чун дид, ки кори аммаш ва они Ҳасан (р) бишӯрид, аммро гуфт: «Агар коре хоҳи кард аз корҳои мардон, Ҳасани Алиро бибанд ва сӯи Муовия фирист, то туро вилояти Умайя бошад». Аммаш гуфт: «Лаънати Худой бар ту ва Муовия бод! Маро мефармоӣ, ки набераи Пайғамбар (с), ки беҳтарин халқ аст, бибандам ва сӯи писари Бӯсуфён бадтарин халқе фиристам». Пас Ҳасан (р) чун бидид, ки аҳли Ироқ бо падараш чӣ карданд, дилаш сард шуд аз эшон ба Муовия кас фиристод ва сулҳ хост бар он ки кор бад-ӯ супорад ва бо ӯ байъат кунад бар ин шартҳо: яке он ки бар Алӣ (р) лаънат накунад ва дигар он ки Ҳасанро ва аҳли байти Алиро ба Мадина фиристад, то он ҷо бибошанд ва он хоста, ки андар байтулмоли Ироқ аст. Ҳама ба Ҳасан гузорад, то ӯро бошад. Пас Муовия Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмони Сумраро бифиристод сӯи Ҳасан. Ва он ҳама шарт, ки карда буд, бипазируфт, магар лаънат кардан ба Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу ва-т-таҳия. Гуфт: «Барнагирам». Ва ба ҳама шаҳрҳои Шом андар чунон буд, ки хатиб рӯзи одина хутба кардӣ, аз паси хутба бар Алӣ (р) лаънат кардӣ. Муовия гуфт: «Чун рӯзи одина ту он ҷо ҳозир бошӣ, хатибро бигӯям, то пеши ту лаънат накунад». Пас Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмон ибни Сумра байъат бо Ҳасан ибни Алӣ (р) бигрифтанд ва бар ҳама фарзандони Алӣ.

Муовия нома кард ба зани Ҳасан – Асмо бинти Ашъас ибни Қайс ва гуфт: «Агар ту Ҳасанро ҳалок кунӣ, ман туро ба писари хеш диҳам – Язид алайҳи-л-лаъна» пас Асмо нома кард ба ҷавоб, ки ман надонам, ки чӣ гуна бояд ҳалок бояд кардан. Пас Муовия дасторча заҳролуд кард ва ба Асмо фиристод ва гуфт: «Чун Ҳасан бо ту дарояд ин дасторча ӯро деҳ то хештанро бад-ин пок кунад» пас чун Ҳасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Ҳасан хештанро пок кард ва он заҳр андар андоми Ҳасан кор кард ва андар он ҳалок шуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки шарбате заҳр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Ҳасанро диҳад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Ҳасан бипазируфта буд, ки то даҳ ҳазор мард ба ту диҳам ва даҳ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шаҳид шудани Ҳасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд [1, 1157-1162].

Вафот[вироиш]

Вафот ва шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ пеш аз сапедадам дар шаби ҷумъаи бисту якуми моҳи Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрӣ (баробар бо соли 661 милодӣ) иттифоқ афтод. Алӣ дар бомдоди нуздаҳуми ҳамон моҳ, ҳангоме ки аз хона барои адои намози субҳ берун омада ва ба масҷид ворид шуд, мавриди ҳамлаи яке аз хавориҷ бо номи Ибни Мулҷам қарор гирифт ва аз зарбаи ногаҳонии шамшери заҳролуди ӯ, ки ба фарқи сараш фуруд омад, захмӣ гардид.

Адабиёт[вироиш]

  • Али-заде, А. А. Али ибн Абу Талиб (архив ) // Исламский энциклопедический словарь. — М.: Ансар, 2007. — 400 с. — (Золотой фонд исламской мысли). — 3000 экз. — ISBN 5-98443-025-8.
  • Прозоров С.М. Али б. Аби Талиб // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 18—19. — 315 с. : ил. — 50 000 экз. — ISBN 5-02-016941-2.
  • Али бен-Аби-Талеб // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 томах (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1989. — Т. 1.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1993. — Т. 2.
  • Большаков О. Г. История Халифата. — «Восточная литература» РАН, 1998. — Т. 3.
  • Петрушевский И. П. Ислам в Иране в VII—XV веках (курс лекций). — Изд-во Ленинградского университета, 1966. — С. 40.

Солшумор имомати имомони давоздаҳгонаи шиъа[вироиш]

Тузйҳот
  • ин Шаблон бар мабнои андеша шиъа мебошад.
  • давраи имомати Али ибни абии толиб аз даргузашти паёмбари ислом оғоз шудааст.
  • оғози имомат ҳар имоми мусодиф бо даргузашти имом пешин аст.
  • давраи имомати ҳуҷҷат ибни ҳасан аз лаҳзаи даргузашти имоми пешини худ оғоз шуда аст ва чун ба ақидаи шиъӣони давоздаҳ имомии вай зинда аст ва аз назари ҳо пинҳон мебошад , лизои имомати ҳуҷҷати буни ҳасан то замони зуҳӯри вай ва пайрави он то рӯзи қиёмат идома дорад.

██ (۱) Али Мӯртазо 632 то 661 (29 сол) ██ (۲) Ҳасани Муҷтабо 661 то670 (9 сол) ██ (۳) Ҳусайни шаҳид 670 то 680 (10 сол) ██ (۴) Али Саҷҷод 680 то 712 (32 сол) ██ (۵) Муҳаммад Боқир 712то 732 (20 сол) ██ (۶)Ҷаъфари Содиқ 732 то 765 (33 сол) ██ (۷) Мусои Козим 765то 799 (34 сол) ██ (۸) Алии Ризо 799 то 817 (18 сол) ██ (۹) Муҳаммади Тақи 817 то 835 (18 сол) ██ (۱۰) Али Нақи 835 то 868 (33 сол) ██ (۱۱) Ҳасан Аскарӣ 867 то 874 (7 сол) ██ (۱۲) Муҳаммад Ал-Маҳди аз 874то замон ҳол (токунун 1140 сол)

Сарчашма[вироиш]