Аҳмадия
Аҳмадия (ар. أحمدیه) — ҷараёни динӣ, ки соли 1889 дар Ҳиндустон (вилояти Панҷоб) ба вуҷуд омадааст. Муассисаш Мирзо Ғулом Аҳмад (1835—1908) буда, соли 1889 худро Маҳдӣ эълон намудааст.
Ӯ худро ислоҳотгари садаи XX эълон карда, ҷамъияти динии «Анҷумани Аҳмадия»-ро таъсис кард. Соли 1891 Мирзо Аҳмад ҳамчун набии нав эътироф шуд. Пайравони Аҳмадия муассиси онро ҳамчун маҳдии мусулмонону масеҳиён ва аватраи худои ҳиндуии Кришна мешумурданд. Мақсади асосии Аҳмадия бо ҳам созиш додани ислом, масеҳият ва ҳиндуия буда, кӯшиш намудааст, ки дар Ҳиндустон дини нав эҷод кунад. Ин ҷараён аҳкоми асосии ислом — ваҳдат, донисташаванда будани Худо, баробарии одамон ва ғайраро эътироф намуда, муборизаи синфиро инкор мекунад, ҷиҳоди зидди аҷнабиёнро рад менамояд ва онро танҳо бо мақсадҳои мудофиавӣ раво медонад. Бино ба ақидаи пайравони Аҳмадия, Ғулом Аҳмад таҷассуми Муҳаммад, Исои Масеҳ ва Кришна буда, илҳоми пайғамбарӣ дорад. Бинобар он касе, ки Ғулом Аҳмадро эътироф накунад, кофир эълон мешавад. Пайравони Аҳмадия минбаъд ба ду гурӯҳ — қодиёнӣ (пайғамбарии Аҳмадро эътироф мекарданд) ва лоҳурӣ (танҳо ислоҳотгари ислом будани Аҳмадро эътироф мекунанд) ҷудо шуданд. Моҳияти иҷтимоии таълимоти Аҳмадия дар баробарии одамон назди Офаридгор зоҳир мешавад. Ғояи баробарии одамон дар таълимоти ӯ боиси афзудани тарафдорони Аҳмадия дар байни буржуазияи миллию оммаи деҳқонон гардид. Таълимоти динии Аҳмад дар асарҳои зиёди ӯ (зиёда аз 60) ва махсусан дар «Бароҳини Аҳмадия» (1880) ва «Фалсафаи таълимоти ислом» (1896) инъикос ёфтаанд. Ҷавҳари фалсафаи таълимоти исломро се зинаи инкишофи фард (ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва рӯҳонӣ) ташкил мекард. Дар зинаи аввал муаллиф бештар масъалаҳои шаръӣ, дар зинаи дуюм такомули нафсонию таҳзиби ахлоқ ва дар зинаи сеюм такомули рӯҳиро баррасӣ намудааст. Дар ин зина гӯё қобилияту истеъдоди пайғамбарӣ пайдо мешавад, вале ба он на ҳама ноил мешаванд. Масъалаҳое, ки дар ин асар таҳлил шудаанд, аз доираи таълимоти умумии дини ислом берун набошанд ҳам, таъбиру таъвили онҳо ҷиҳатҳои иҷтимоии таълимоти Аҳмадияро тақвият додаанд. Тарафдорони Аҳмадия чандин нашрия доранд, ки машҳуртарини онҳо Thehidht («Нур», Лоҳур) ва IslamieReview, («Маҷаллаи ислом», Лондон) мебошанд. Ҷараёни Аҳмадия ҳамчун ҷараёни ислоҳотии ислом (инкори нубувват, аҳаммияти фаъолияти моддии шахс, барқароркунии биҳишт дар рӯйи замин ва ғайра) шинохта шудааст. Барои бекор кардани ҷиҳод фақеҳон ӯро ба куфру илҳод маҳкум кардаанд. Баъди марги Аҳмад роҳбарии Аҳмадияро писари ӯ Мирзоносири Аҳмад ба уҳда дошт. Қисмати асосии пайравони Аҳмадия дар Покистон (зиёда аз 500 ҳазор нафар) ва Ҳиндустон зиндагонӣ мекунанд. Тарафдорони Аҳмадия дар байни аҳолии маҳаллии Афғонистон ва Эрон низ мавҷуданд. Шумораи умумии пайравони Аҳмадия дар мамлакатҳои Осиёи Ғарбӣ (Афғонистон, Эрон, Исроил, Урдун, Лубнон, Сурия) наздики 100 ҳазор мебошанд. Онҳо дар Мавритания, Англия, Фаронса, Олмон, Амрико низ сукунат доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмадия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.