Jump to content

Махдуми Аъзам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳмади Косонӣ)
Саидҷалолуддин Аҳмад Косонии Даҳбедӣ
ар. مخدوم اعظم
Иттилооти инфиродӣ
Лақаб: Маҳдуми Аъзам
Касб, шуғл: фақеҳ
Таърихи таваллуд: 1461(1461)
Зодгоҳ: шаҳри Косон, вилояти Ахсикат (ҳозира вилояти Намангон, Ӯзбекистон)
Таърихи даргузашт: 1542(1542)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн: мавзеи Даҳбеди Самарқанд
Фарзандон: Muhammad Amin[d] ва Muhammad Ishaq Wali[d]
Вироиши Викидода

Махдуми Аъзам (форсӣ: مخدوم اعظم‎, Сайид Аҳмад Ҷалолуддин Хоҷаи Косонӣ; 14611542, Самарқанд) — фақеҳ ва муассиси тариқати даҳбедияи нақшбандия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи аслии Махдуми Аъзам — Сайид Аҳмад Ҷалолуддин Хоҷаи Косонӣ буда соли 1461 дар водии Фарғона, шаҳри Косон, вилояти Ахсикат (ҳозира вилояти Намангон, Ӯзбекистон), дар оилаи яке аз шахсони барӯманди он замон Сайид Ҷалолуддин ибн Ҷамолиддини Косонӣ таваллуд ёфтааст. Модараш аз авлоди Сайид Абдуллоҳи Арҷанд буда, ба духтари Мир Сайид Юсуф издивоҷ кардааст.

Сайид Аҳмадхоҷаи ҷавон баробари саводомӯзӣ бо амри падар дар як замон ба деҳқонӣ ҳам машғул мешуд, аммо шавқу ҳаваси ӯ ба гирифтани илм ва қироати Қуръони Карим болотар меистад. «Боре ман дар хоб дидам, мегӯяд Сайид Аҳмадхоҷа, шахсе ба ман китоби Қуръонро туҳфа кард. Бинам, ки дар паҳлуям як китоби Қуръон истодааст, ки он аз тарафи Аллоҳ фиристода шуда буд. Ва ман ба тиловату қироати он машғул шудам („Сафинату-л-авлиё“ — и шоҳзода Муҳаммад Дорои Шукӯҳ аз авлоди Бобур Мирзо). Сайид Аҳмадхоҷаи Косонӣ зеҳни ниҳоят тез ва пок дошт, хушфаҳм буд, дар вақти аз падараш сабақ гирифтан дар бисёр масъалаҳо аз дигар талабагон пешқадамӣ мекард, ба саволҳо бо тезӣ ва пурра ҷавоб медод, ҳатто мударрисон ҳам аз зеҳни тезу истеъдоди эшон ба ҳайрат меомаданд. Ӯ пас аз такмили дониш ба зодгоҳаш баргашта фаолияти худро идома дод. Овозаи эшон дар байни орифон, уламову удабоҳо, мударрисон зуд паҳн гашт. Ҳокимони Миёнқолу Кармина эшонро ба вилояти Самарқанд даъват карданд. Устоди аввалини Сайид Аҳмад Мавлоно Мир Сайид Алӣ буда, аз он кас илми сарфу наҳвро омӯхт.

Дар асоси дастури мадраса Сайид Аҳмадхоҷа бо бисёр олиму фозилон суҳбат карда, ба илми тасаввуф рағбати бузург пайдо кард. Барои мукаммал гардонидани илми тасаввуф Сайид Аҳмад бо маслиҳати устодаш Мавлоно, Мир Сайид Алӣ ба Тошканд рафт. Ба хидмати шогирди беҳтарини Хоҷа Аҳрори Валӣ — Мавлоно Муҳаммад Қозӣ шарафёб гардид. Ва аз он кас 12 сол илми тасаввуфро омӯхт ва номи „Шаҳбози баландпарвоз“-ро гирифт. Пас ба ҷараён ва тариқати Нақшбандӣ шинос мешавад ва фаъолияти худро дар ин фирқа оғоз менамояд.

Волидайни Ҳазрати Махдуми Аъзам ба пайғамбарамон — Муҳаммад Мустафо (с) рафта мерасанд, ки дар бораи насабномаи онҳо бисёр китобҳои қадима, навиштаҷоти болои санги қабр (ёдгориҳои эпиграфӣ) ва пештоқҳои обидаҳои таърихӣ кошонкорӣ карда шудааст.

Насабнома ва шаҷараи табақаи Сайид Аҳмадхоҷа дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бисёртар қайд карда шудааст. Масалан „Ҷомеъу-л-мақомот“, „Равонӣу-л-Қудс“, „Тӯҳфату-л-зоирин“, „Тазкираи азизон“, „Ҳидоятнома“, „Девонӣ“ (рисолаи) ҳақоик ва маорифи Ҳилолӣ Афғонистонӣ, „Маноқиби Ҳазрати Мӯдия“, „Маноқиби Каъбулахбор“, „Қандия“, „Девонӣ“, „Машраб“, „Даҳбед“-и профессор Н. Веселовский ва ғайраҳо.

Дар манбаи нодир „Равоӣу-л-Қудс“-и Мақсад ибн Насриддини Бухороӣ чунин навишта шудааст: „Номи мубораки эшон Сайид Аъзами Даҳбедӣ иштиҳорӣ доранд ва нисбати шарифи нафиси эшон ба Ҳазрати Шайх Бурҳониддини Қилич (қадасаллоҳусира) ва насли асили эшон ба садафи Косиру-л-Шарафи Шаҳиди Дашти Карбало — Абу Абдуллоҳ Имом Муҳаммад Ҳусайн мепайвандад“.

Дар „Тӯҳфату-л-зоирин“-и Насриддин ал-Ҳанафӣ ал-Ҳусайни ал-Бухорӣ (дар саҳифаи 61-65), ки дар Бухоро нашр шудааст, дар боби „Ҳазрати хоҷаи Махдуми Аъзами Косонӣ“ дар насабнома чунин оварда шудааст:

»Ҳазрати Сайид Аҳмад Махдуми Аъзам бин Сайид Ҷалолуддин бин Сайид Ҷамолиддин бин Сайид Бурҳониддини Хоҷам бин Сайид Амир Маҷнун бин Сайид Бурҳониддини Қилич бин Сайид Камолиддин бин Сайид Ҷалолуддин бин Сайид шоҳ Ҳусайн бин Сайид Ҳасан Сайид Муҳаммад бин Сайид Аҳмад бин Сайид Абдуллоҳ ал-Афзал бин Сайид Абдуллоҳи Акмал бин Сайид Абӯ Толиб Ҳуҷҷатуллоҳ Сайид Муҳаммад бин Ҳазрати Имом Алӣ Мӯсо ар-Ризо бин Ҳазрати Мӯсо Козим бин Ҳазрати Ҷаъфари Содиқ бин Ҳазрати Имом Муҳаммад бин Ҳазрати Имом Зайнул-Обиддин бин Ҳазрати Имом Ҳусайн бин Ҳазрати Амирал-Муъминин Имом Алӣ ва Фотимаи Заҳро Ҳазрати Мухаммад Мустафо(с)

— «Тӯҳфат-ул-зоирин»-и Насриддин ал-Ҳанафӣ ал-Ҳусайни ал-Бухорӣ

.[1].Бобою бобокалони Сайид Аҳмадхоҷа дар гузашта дар байни халқ мавқеи ниҳоят баланд доштанд пушту паноҳи халқ буданд. Онҳо ба ҳокимияти динӣ ва дунявӣ даъво доштанд, бинобар он аз тарафи ҳукмдорон, хусусан уммавиҳо, қисман аббосиҳо, имомзодагон таъқиб карда мешуданд, ба қатл расонида мешуданд, заҳр дода кушта мешуданд, ба зиндон партофта мешуданд, бадарға карда мешуданд, бинобар ин онҳо ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла ба Хуросон ва Мовароуннаҳр муҳоҷир мешуданд. Масалан, имомзода Ҳасан ул Амир бо оилаи худ ба Самарқанд, сипас ба Балх кӯчида рафтанд, дар давраи Исмоили Сомонӣ имомзода Амир Абдуллоҳ ба Бухоро кӯчида рафта, ба духтари Исмоили Сомонӣ — Моҳ Симо издивоҷ кард, имомзода Мир Сайид Барака пири Амир Темур буд.

Дар давраи аштархоиён имомзодагон Мир Абу Толибхоҷа, дертар бародари ӯ Абутоҳирхоҷа аз Машҳади Эрон ба Бухоро омада, ба духтари Динмуҳаммадхон-Шаҳрибону издивоҷ мекунад, ки аз онҳо Нодир-Муҳаммадхон таваллуд меёбад. Мир Абу Толибхоҷа ва Абӯ Тоҳирхоҷа асосгузори авлоди Миракони Бухороянд.

Махдуми Аъзам дар ҷавонӣ бо Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Муҳаммад Қозӣ вомехӯрданд, суҳбат мекунанд ва сабақ мегиранд.

Ҳазрати Сайид Аҳмадхоҷа пас аз ба Самарқанд омадан дар деҳаи Даҳбед ҷойгир мешавад, замин мегирад ва ба боғдориву кишоварзӣ машғул мешавад. Масъалаҳои хоҷагидориро тарғибу ташвиқ намуда, барои кишоварзӣ якчанд рисолаҳо меофарад.

Шуҳрати Сайид Аҳмади Косонӣ пас аз ба Самарқанд омадан, боз ҳам меафзояд ва эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ мешиносанд ва машҳур мегардонанд. Ӯ дар Даҳбед масҷиду хонақоҳ ва мадрасае бино намуда, ҳам ба тоату ибодати сӯфиёна машғул мешуд ва ҳам шогирдон ва талабагони зиёдеро таълиму тарбия менамуд. Шуҳрат ва эътибори ӯ дар байни мардум ва назди умарои дарбори Шайбониён то рафт меафзуд ва аз ҳамин ҷост, ки эшон чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ шуҳрат пайдо мекунад. Пас аз оламро падруд кардани ҳазрат соли 1542 милодӣ, мувофиқи васияташон Махдуми Аъзамро, дар Даҳбед назди дарахти дӯстдоштаашон дафн кардаанд, ки ин дарахт то ҳол мавҷуд аст. Даҳма (мақбара)-и хонақои ӯ низ дар ҳамин ҷост ва он яке аз зиёратгоҳҳои мусулмонони ҷаҳон гаштааст.

Махдуми Аъзам аз 4 зан 13 писар ва 11 духтар доштанд. Зани калонии Махдуми Аъзам Бибӣ Калон аз Касон буданд. Аз онҳо 2 духтар ва 4 писар Хоҷа Муҳаммад Амин (Хоҷа Калон), Хоҷа Дӯст, Хоҷа Баҳоваддин ва Хоҷа Абдуллоҳ таваллуд меёбанд. Аз зани дуюми Махдуми Аъзам- Бибӣ Маликаи Косонӣ, ки духтари яке аз маликони Косон — 4 духтар ва 2 писар Муҳаммадхоҷа ва Султон Иброҳим таваллуд меёбанд.

Аз зани севуми Махдуми Аъзам — Бибичаи Кошғарӣ, духтари яке аз сайидони Кошғар, 3 духтар ва 3 писар — Хоҷа Исҳоқӣ Валӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммад Алӣ ва Илоҳӣ таваллуд шудаанд.

Ҳамсари чаҳоруми — Махдуми Аъзам — Бибии Бухороӣ буда, аз онҳо 2 духтар ва 4 писар Хоҷа Муҳаммад Сиддиқ Хоҷа Муҳаммад Ҳасан, Хоҷа Шайх ва Хоҷа Абдуллоҳ таваллуд шуданд.

Ҳоло авлоди Махдуми Аъзам дар гузашта ва ҳозир дар Самарқанд, Хуҷанд, Тошканду Душанбе, Қирғистон, Хитой, Дубай, Москав, Навосибирск, ки ҳазорҳо хонадонро ташкил мекунанд, ба илми ҷаҳонӣ, ниёгон ва муосир ҳиссаи бузурги худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он зиёда аз 200 хонадони авлоди Махдуми Аъзам зиндагӣ мекунанд.

Маҳдуми Аъзами Даҳбедӣ доир ба фиқҳ илоҳиёт, тариқат, хоҷагидорӣ, ахлоқи ҳамида зиёда аз 40 рисола эҷод кардаанд, ки аз онҳо 30-аш дар Тошканд, боқимондааш дар қироатхонаҳои Маскав ва Санкт-Петербург мавҷуд аст. 2-аш дар Хуҷанд (аз бойгонии Исҳоқи Н. Б.). Мазмуни асосии рисолаҳои Сайид Махдуми Аъзам аз Қуръони Карим ва ҳадисҳо гирифта шуда «Маҷмӯаи расоил» ном дорад. Аз он ҷумла:

  1. «Асрору-н-никоҳ».
  2. «Рисолаи самоия»
  3. «Рисолаи вуҷудия»,
  4. «Рисолаи адаб ус- соликин»
  5. «Рисолаи адаб ус- содиқин»
  6. «Ганҷнома»,
  7. «Рисолаи бақоия»
  8. «Насиҳат ус- соликин»
  9. «Шарҳи савод ус-ваҷҳа фи дорин»
  10. «Шарҳ ул-валади Саробия»
  11. «Ниҳофт-ус-соликин»
  12. «Рисолаи мероҷ ул-ошиқон»
  13. «Рисолаи зикр»,
  14. «Рисолаи баёни силсила»,
  15. «Чаҳор калима»
  16. «Силсилат-ус- содиқин»
  17. «Силсилаи биттиҳия»
  18. «Мерос ус- сафо»,
  19. «Зубрату-л-соликин» ва «Танбият -ус- салотин»
  20. «Гул ва Наврӯз»
  21. «Рисолаи муршид — ус- соликин»
  22. «Воқеияти ҳаққония»,
  23. "Рисолаи Бобурия (Бобур Мирзо аз мухлисони вафодори Сайид Махдуми Аъзам буд).
  24. «Рисолаи баёни воқеия»,
  25. «Рисолаи фатҳнома»,
  26. «Рисолаи Танбият ул- уламо»,
  27. «Рисолаи фаноия»,
  28. «Рисолаи шайбия»,
  29. «Рисолаи илмия»,
  30. «Рисолаи аҳволиюл уламо ва умаро»,
  31. «Рисолаи шарҳи абёт» ё ки «Рисалаи шарҳи рубоиёти Убайди»,
  32. Рисола дар маноқиби Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ,
  33. «Муноҷот», ва ғайраҳо.

Дар институти шарқшиносии ба номи «Абу Райҳон Берунӣ»-и Тошканд зиёда аз 30 асар (300 нусха мавҷуд аст), ки он дар бораи Мақдуми Аъзам мебошад. Маҳдуми Аъзамро «Пири Шастӣ» ҳам мегӯянд, ки он кас 60 муридро ба тарбия расонида ба камолот расонидаанд. Ин рисолаҳои нодиру, ноёфта Сайид Махдуми Аъзами Даҳбедӣ то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.[1].

Зиёратгоҳи Маҳдуми Аъзам дар мавзеи Даҳбеди Самарқанд
Даҳма (мақбара)-и хонақои Маҳдуми Аъзам

Сайид Аҳмад Ҷалолуддин Хоҷаи Косонӣ дар соли 1542 вафот карда, дар деҳаи Даҳбед дафн гардидааст. Баъд аз вафот мадфани вай зиёратгоҳи муридону мухлисони дуру наздикаш гардид. Ялантӯш Баҳодур, ки баъди фавти Махдуми Аъзам бар маснади ҳокимияти Самарқанд нишаст, аз мухлисони содиқи Сайид Аҳмад Ҷалолуддин Хоҷаи Косонӣ буд ва ба фарзанди ин пири номвар-Хоҷа Ҳошими Даҳбедӣ дасти иродат дод ва мурид гардид. Аз ин рӯ, чанд сол баъд аз даргузашти Махдуми Аъзам мақбараи ӯро таъмир ва бозсозӣ намуда, дар назди мақбара масҷиди ҷомеъ низ бино сохт. Бо гузашти солҳо дар атрофи мадфани Махдуми Аъзам қабристоне ба вуҷуд омад, ки он ҷо авлоди Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ ё худ Хоҷагони Даҳбедӣ ва хонадони ҳукмронони Аштархониён мадфун гаштанд. Ялантӯш Баҳодур, ки соли 1606 милодӣ аз олам даргузашт, тибқи васияташ дар пойгоҳи мақбараи Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ба хок супорида шуд.[2] Зиёратгоҳи Маҳдуми Аъзам дар наздикии мавзеи Даҳбеди Самарқанд ҷойгир шудааст. Зиёратгоҳи Маҳдуми Аъзам яке аз Зиёратгоҳҳои бонуфузтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад ва мусалмонони дунё онро зиёрат мекунанд. Дар шаҳри Косонсой (Косон) барои Махдуми Аъзам як мақбара барпо шудааст

  1. 1.0 1.1 Абу-Тахир-Ходжа. Самария. Сочинение Абу-Тахир-Ходжи. Таджицкий текст, приготовленный к печати Веселовским Н. И.. С предисловием и приложением рисунков. Предисловие Веселовского Н.. СПб. Типо-литог. И. Бораганского и К. 1904г
  2. Расул Ҳодизода. Самарқанднома. -Душанбе: Пайванд,2002. — с. 312—313