Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нақшбандия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд наздикии Бухоро.

Нақшбанди́я (форсӣ: نقشبندیه‎, ар. الطريقة النقشبندية‎) — яке аз машҳуртарин силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар садаи XIV таъсис ёфтааст. Асосгузораш Баҳоуддини Нақшбанд. Дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши муҳим бозидааст. Дар интишори нақшбандия Хоҷа Муҳаммади Порсо, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва дигарон саҳми муҳим доштанд. Нақшбандия давоми мантиқии силсилаи хоҷагон мебошад.

Асоси таълимот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси таълимоти нақшбандияро 11 нуқта ташкил медиҳад:

  1. «Вуқуфи замонӣ» (форсӣ: وقوف زماني‎)
  2. «Вуқуфи ададӣ» (форсӣ: عددي وقوف‎)
  3. «Вуқуфи қалбӣ» (форсӣ: وقوف قلبي‎)
  4. «Ҳуш дар дам» (форсӣ: هوش در دم‎)
  5. «Назар дар қадам» (форсӣ: نظر در قدم‎)
  6. «Сафар дар ватан» (форсӣ: سفر در وطن‎)
  7. «Хилват дар анҷуман» (форсӣ: خلوت در انجمن‎)
  8. «Ёдкард» (форсӣ: ياد كرد‎)
  9. «Бозгашт» (форсӣ: باز گشت‎)
  10. «Нигоҳдошт» (форсӣ: نگاه داشت‎)
  11. «Ёддошт» (форсӣ: ياد داشت‎)

Нақшбандия пайравонашро ба риояи қоидаҳои шариат тарғиб карда, касбу ҳунарро барои онҳо ҳатмӣ мешуморад ва аз ҳамин нуқтаи таълимоташ даъвати «дил ба ёру даст ба кор» ба вуҷуд омад. Дар ибтидо пайравони нақшбандия мардумро ба зӯҳду тақво тарғиб карда бошанд ҳам, онҳо минбаъд на фақат ба ҳаёти иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекарданд, балки ба ҳаёти сиёсии мамлакат низ даст заданд ва ақидаҳои иҷтимоию сиёсиашон тавассути аҳкоми динӣ ифода мешуданд.