Аҳмади Фарғонӣ
Аҳмади Фарғонӣ | |
---|---|
ар. أحمد بن كثير الفرغاني | |
![]() | |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 861[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | риёзиёт |
Ҷойҳои кор: |
Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (форсӣ: ابوالعباس احمد ابن محمد ابن کثیر فَرغانی; ар. أحمد بن كثير الفرغاني; тақр. 798, Фарғона — 861, Қоҳира[2]) — ахтаршинос, риёзидон ва ҷуғрофи`дони машҳури асрҳои VII—IX. Дар Шарқ бо тахаллуси «Ҳосиб» (риёзидон) ва дар Ғарб бо номи «Алфараганус» маъруф буда, дар пешрафти илмҳои номбурдаи замонааш саҳми бузург гузоштааст.
Зиндагинома[вироиш]
Аҳмади Фарғонӣ дар Бағдод ва Димишқ дар замони хилофати Маъмун (813—833) дар бунёди расадхонаҳо ширкат варзидааст. Ӯ дар рисолаи «Мадхалу-н-нуҷум» («Муқаддимаи ситорашиносӣ»)-и худ илми ситорашиносии замонаашро мураттаб сохта, аз ҷумла ба ислоҳу танқиди Батлимуси юнонӣ пардохтааст. Аҳмади Фарғонӣ соли 812 кусуфи Офтобро дар Бағдод пешгӯӣ ва курашакл будани Заминро исбот кард. Ӯ «миқёси ҷадид» ном асбобе сохта буд, ки онро барои андоза кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва ин асбоб имрӯз бо номи «нилометр» шинохта шудааст.
Осор[вироиш]
Рисолаҳои зерин аз намунаи осори Аҳмади Фарғонӣ мебошанд: «Китобу-л-комил фи-л-устурлоб» («Китоби комил дар бораи устурлоб»), «Фӣ санъати-л-устурлоб» («Дар санъати [сохтани] устурлоб»), «Рисола фӣ маърифати-л-авқоти-л-лати якуну-л-қамару фӣ фавқи-л-арзи ав таҳтаҳо» («Рисола дар бораи донистани вақтҳое, ки Моҳ дар болои Замин ё зери он воқеъ мегардад»), «Ҳисобу-л-ақолими-с-сабъа» («Ҳисоби ҳафт иқлим»), «Китобу-л-амали-р-рухомот» («Китоби коркарди мармар»), «Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷавомеъи-н-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо») ва ғайра. Қисме аз осори Аҳмади Фарғонӣ ҳанӯз дар асрҳои XII—XIII ба лотинӣ тарҷума шуда буданд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ «Астроном Аль-Фергани» — статья на сайте Пензенской региональной общественной организации «Просвещение».
Адабиёт[вироиш]
- Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. — Д., 2007.
- Матвиевская Г. П. Учение о числе на средневековом Ближнем и Среднем Востоке. — Ташкент: Фан, 1967.
- Розенфельд Б. А., Добровольский И. Г., Сергеева Н. Д. Об астрономических трактатах ал-Фаргани. — Историко-астрономические исследования, 11, 1972, с. 191—210.
- Richard Lorch (ed.) Al-Farghānī on the Astrolabe. Arabic text edited with translation and commentary. Stuttgart, 2005.
Сарчашма[вироиш]
- Аҳмади Фарғонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.