Аҳмадшоҳ Азҳари Файзёр
форсӣ: احمدشاه ازهر فیضیار | |
Таърихи таваллуд: | 27 декабр 1947 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 11 июл 1976 (28 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, таронасаро, оҳангсоз, намоишноманавис |
Аҳмадшоҳ Азҳари Файзёр (форсӣ: احمدشاه ازهر فیضیار; 27 декабри 1947, вилояти Ғазнӣ — 11 июли 1976, Кобул) — шоир, таронасаро, оҳангсоз ва намоишномависи аҳли Афғонистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадшоҳ Азҳари Файзёр фарзанди ҳоҷӣ Абдулҳакимхон аст, ки ба торихи 27 декабри 1947 (6 ҷаддии 1326 хуршедӣ) дар қарияи Амирмуҳаммадхони вилояти Ғазнӣ чашм ба ҷаҳон гушӯд. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби Сайидҷамолуддини Афғон, давраи мутавассита ва олиро дар Летсейи Нодирияи Кобул хондааст.
Азҳар дар соли 1968 шомили факултети адабиёти Донишгоҳи Кобул шуд ва дар соли 1973 аз онҷо фориғуттаҳсил гардид.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Азҳар ашъори бисёр дар қолабҳои гуногун суруда ва дар таронасароӣ ва сурудани ашъори ҳазломез шоире тавоно буд. Ашъораш дарунмояи иҷтимоъӣ дорад ва аз андешаҳои тараққихоҳона моя мегирад ва борҳо барандаи ҷавоизи олии матбуоти шудааст. Ӯ афзун бар таснифи ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва шеъри озод чандин намоишномаи манзум навишта буд бисёрии онҳо дар бойгонии родию мавҷуд аст.
Ҳамкории густурдае бо овозхонони саршинос чун Аҳмад Зоҳир, Маҳваш ва дигарон дошт[1].
Аз осораш маҷмӯъаи шеъри «Фарёди замони хуфта» дар Кобул мунташир шудааст[2].
Беморӣ ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ дар авҷи шукуфоӣ ва ҳунарнамоӣ дар соли 1975 ба ҳамалоти сардарде ногаҳонӣ дучор шуд. Бемории ӯ саратони мағз пешбинӣ шуд, ҷиҳати дармон ба Ҳиндустон рафт. Пас аз баргашт, чанде дар Шифохонаи Алиободи Кобул бистарӣ шуда саранҷом дар 11 июли 1976 ба умри 28-солагӣ дар Қалъаи Ҷаводи шаҳри Кобул ҷон супурд. Хонавода ва дӯстонаш пайкари ӯро ба Ғазнӣ бурданд ва дар зодгоҳаш ба хок супурданд[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ازهرفیضیارغزنوی»(форсӣ). نوشته های پرتو نادری. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2022.
- ↑ احمدشاه ازهر (غزنه ۱۳۲۶ـ ۱۳۵۴ش) - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Shekib Hamidi. "دروازه کنک": احمد شاه ازهر فیضیار. "دروازه کنک" (۱۳۹۱ تیر ۲۰, سهشنبه). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.