Аҳмад Зоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аҳмад Зоҳир
احمد ظاهر
Аҳмад Зоҳир.tif
Аҳмад Зоҳир, солҳои 70-уми асри гузашта
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

14 июн 1946(1946-06-14)[1]

Зодгоҳ
Санаи марг

14 июн 1979(1979-06-14) (33 сол)

Маҳалли марг
Солҳои фаъолият

19641979

Кишвар
Касб(ҳо)

сароянда ва оҳангсоз

Асбоб

гитара ва вокал[d]

Ношир(он)

EMI[d]

ahmadzahir.com
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Аҳмад Зоҳир (дарӣ: احمد ظاهر;‎ 14 июн 1946, Кобул — 14 июни 1979, Кобул, Афғонистон) — сароянда ва оҳангсози афғонистонӣ.

Шарҳи ҳол[вироиш]

Хатмкардаи литсеи «Ҳабибия» ва Дорулмуаллимини Кобул, муддате дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёбад.

Сабк[вироиш]

Нахустин ҳунарманди Афғонистон аст, ки созҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Аз соли 1972 то поёни умр ҳамасола бонуфузтарин ҷоизаи санъати сарояндагии Афғонистон «Хонандаи беҳтарини сол»-ро сазовор гардидааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки асосан ба забони дарӣ ва чанде ба за­бонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд. Оҳангу таронаҳояш аз рӯйи сабку шеваи иҷро асосан дар пайравии оҳангҳои анъанавии миллӣ ва қисман сабки мусиқии ҳиндӣ ва ғарбӣ эҷод шудаанд. Бар асоси оҳанг­ҳои такмилдодаи халқӣ низ таронаҳои зиёде сурудааст. Барномаи бебаҳояш аз эҷодиёти қариб сад шоири пешину муосири форс-тоҷик гулчин шудааст. Ба мавзӯъҳои ишқӣ, ватандӯстӣ-иҷтимоӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намудааст. «Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам», «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам», «Меҳан, эй меҳан», «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад» аз ҳамин қа­биланд.

Дар Тоҷикистон суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир маҳбубияти зиёд доранд. Бисёр сарояндагони тоҷик дар пайравии ӯ таронаҳо месароянд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир садҳо лавҳаву мақола ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.[3]

Феҳрасти сурудҳо[вироиш]

Ин феҳрист аз ҷониби устод Комилҷон Аҳроров ва дигар ҳаводорони санъати волои Аҳмад Зоҳир тартиб дода шудааст:[4]

  1. Абрҳо бар қуллаҳо чун мавҷҳо бар сахраҳо (шеъри Сулаймон Лоиқ, Оҳанги Найнавоз)
  2. Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ (шеъри шоири тоҷик Абудллоҳ Қодирӣ, оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  3. Агар, ай осмон, хоҳам, ки як рӯз (шеъри Фурӯғи Фаррухзод, оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  4. Агар ин осмон ситора надошт, чашми худро ситора мекардам (шеъри…, оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  5. Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд (шеъри Ахмадшоҳи Азҳар, оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  6. Агар зи халқ маломат в-агар зи карда надомат
  7. Агар ишқ бошад, гуноҳе, Илоҳӣ
  8. Агар майхораву мастам, ба кас чӣ?
  9. Агар об будам, ба оғӯши дарё
  10. Агар пинҳон бувад пайдо, ман он пайдои пинҳонам
  11. Агар ту ёраки ман бошӣ, ман ба дунё ғаме надорам
  12. Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст
  13. Аз дарду нотавонӣ, аз тундбоди хазонӣ
  14. Аз дастат фиғон-фиғон дорам
  15. Азизам ба ёдат, шабҳои зулмат
  16. Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорам
  17. Аз ноз чӣ механдӣ, бар дида, ки мегиряд
  18. Аз он рӯз, ки паймон ба ту бастам
  19. Аз пеши ман бирав, ки дилозорам
  20. Аз тангнои маҳбаси торикӣ
  21. Аз ту дурам ману девонаву мадҳуши туам
  22. Аз чашми ту чун ашк сафар кардаму рафтам
  23. Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам
  24. Аз ҷаҳон бе рухи ӯ сарфи назар мекунам
  25. Ай ба дидаам торик, моҳи осмон бе ту
  26. Ай бехабар аз дарди ман
  27. Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон
  28. Ай булбули шӯрида, шур аз ту фиғон аз ман
  29. Ай бути бераҳм, шикорафганам
  30. Ай гулизори ман, боғу баҳори ман
  31. Ай дил, ай дил, дили девона
  32. Ай дил, ту гиря кам кун, то чашми тар набошад
  33. Ай дилбари ман, точи сари ман
  34. Ай дуздида чашм аз оҳу
  35. Ай дустон, ай дустон, имшаб фаромӯшам кунед
  36. Ай ёри хуби ман, ай бовафо
  37. Ай ишқ, зи дасти ту калби ман сӯхта
  38. Ай ки аз ёр нишон металабӣ, ёр куҷост?
  39. Ай моҳи канъонии ман, он дил, ки бурдӣ боз деҳ
  40. Ай нигори ман (тақлидӣ)
  41. Ай нигори нозанин, як дам пахлӯям нишин
  42. Ай нигоҳат сабзтар аз сабзазорони умед
  43. Ай нилгун дарёи ман, боз омадам
  44. Ай номи ғамат, таронаи ман
  45. Ай нозанин, аз ишқи ту девонаам, девонаам
  46. Ай оҳи саҳаргоҳ, ту охир асаре бахш
  47. Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ
  48. Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам
  49. Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад
  50. Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам
  51. Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона
  52. Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ!
  53. Аё сайед, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро
  54. Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ
  55. Ай ҳамватан, ай неруи боландаи ҷовид
  56. Ай қавми ба хаҷ рафта куҷоед, куҷоед? (Ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ)
  57. Ай ҷони ман асират, ай умри ман фидоят
  58. Ай шуълаи ҳазин, ай ишқи оташин, ай дарди вопасин
  59. Афсус, ишқи поки ту ранги ҳавас гирифт
  60. Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст
  61. Аҷаб сабре Худо дорад
  62. Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам
  63. Ба дили ман шарарафрӯз, сияҳчашмонам, чашмонат
  64. Бад дуойт кунум, бад дуойт кунум
  65. Ба доғи номуродӣ сӯхтам, ай ашк, тӯфоне
  66. Ба замин қасам, ба замон қасам
  67. Ба кадом дар равам ман, ки рухи ту боз бинам
  68. Ба ноз, ноз, нози ту
  69. Ба осмон бигӯед, ба дилбарон расонед
  70. Ба оташин хуйи худ, ба теғи абрӯи худ
  71. Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту
  72. Ба санги ғам зади паймонаамро
  73. Баски ҷафо зи хору гул дид дили рамидаам
  74. Ба соғар нақл кард аз хум шароб оҳиста-оҳиста
  75. Бар хотири озода ғуборе зи касам нест
  76. Ба худ гуфтам пас аз чанде фаромушат кунам, кардам
  77. Ба Худо, танг аст дилам
  78. Ба ҷуз ту мӯниси дигар дар ин диёр надорам
  79. Баъд аз ин ки рақиб даст бар дасти ту бидод
  80. Баҳор асту сомону афгон надорам
  81. Баҳори ман, хазар аз навбаҳорон мекуни то кай?
  82. Баҳор омад, бие, эй навбаҳори ман, куҷоӣ ту?
  83. Баҳори ҷавониям рафт, афсус
  84. Бевафо ёрам, карда ғамборам
  85. Бевафоӣ макун, ай нигорам
  86. Бемораму гайр аз чигари пора надорам
  87. Бе ту гулгашти чаман, ай гулбадан, н-ояд хушам
  88. Биё бурем ба Сангирон
  89. Биё, ки бурем ба мазор, Мулломуҳаммадҷон
  90. Биё, ки бурем дашт, кадом дашт, хамон дашт
  91. Биёед, ки гулзор дамидаст
  92. Биёед, биёед, ба майдони харабот
  93. Биё, нури дида, марав аз канорам
  94. Бигӯ, ки гул нафиристад касе ба хонаи ман
  95. Бигзарад, бигзарад, умри ман бигзарад
  96. Бигзор бигирям ману бигзор бигирям
  97. Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон,
  98. Бимон, ай шаб, ки торикиву бедорӣ дилам хоҳад
  99. Бинозам калби покат, модари ман
  100. Биравед, эй харифон, бикашед ёри моро
  101. Бодаҳохолист, холӣ, соғару мино куҷост?
  102. Боз мехоҳам туро, ай ишқи ман
  103. Боз ою канорам бинишин, то ба ту гӯям
  104. Боз омади, ай ч, они ман, чонҳофидои номи ту
  105. Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам
  106. Бо он ҳама кавлу карору паймон
  107. Бохабар бош, бохабар, шаб ба пешат меоям
  108. Будана дар тори санг аст, будана
  109. Бурида бод пойи ман, агар равад ба хонааш
  110. Буру бобо, ман катет нестум (халкӣ)
  111. Бути нозанинам, махи мехрубонам
  112. Бӯйи ту хезад хануз, бӯйи ту аз бистарам
  113. Бӯйи хуши баҳор, аз тарфи сабзазор
  114. Бӯйи ҷуйи Мулиён ояд ҳаме
  115. Бӯсаҳо талаб мекунад, он лабони гулгун
  116. Вақте ки дил танг аст, фойдаш чист озодӣ
  117. Вафо агар зи кас бинам, зи худ бегона мегардам
  118. Вой Алло
  119. Вой борон, борон
  120. Вой ман беҳудаам, беҳуда дар корҳо
  121. Волаву шайдо шудаам, меравӣ
  122. Гандумо дарав шуд наёмад ёрам
  123. Гар зулфи парешонат дар дасти сабо уфтад
  124. Гар кунӣ як наззора, мезебад
  125. Гарчи мастему харобем чу шабҳои дигар
  126. Гарчи рафти аз барам, аммо фаромушам макун
  127. Гарчи чашми ту пайи бурдани дилхост ҳанӯз
  128. Гар шиквае дорам зи дил, бар ёри соҳибдил кунам
  129. Гох дар оғӯши ин, гох дар оғӯши он
  130. Гузашт он ки ту сархели дилбарон будӣ
  131. Гули сангам, гули сангам
  132. Гул сабӯ ба дӯш омад
  133. Гуфтам, ки марав, мадеҳ озорам
  134. Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун
  135. Гуфтӣ, ки мебусам туро, гуфтам таманно мекунам
  136. Ғамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад
  137. Дарахти ёс, дарахти ёс
  138. Дар домани саҳро, бехабар аз дунё
  139. Дар ин равок суруду тарона мемонад
  140. Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад
  141. Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд
  142. Девона намудам дили фарзонаи худро
  143. Дигар агар дилхун шавам, гар волаву мафтун шавам
  144. Дидам нигори худро, мегашт гирди хона
  145. Дилакам, ай дилакам, ай дилакам
  146. Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо
  147. Дилат мехост барои ту худро фидоӣ кунам
  148. Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ
  149. Дил зи савдои ду чашми ту ба майхона кунад рақс
  150. Дили мо ҳарчи решу хаста беҳтар
  151. Донам чаро чашмони ту, ашки оташбор дорад
  152. Дузди ишқам ману дишаб рахи дилҳозадаам
  153. Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи махфилам
  154. Дӯстат дорам, валлоҳ, биллоҳ
  155. Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша
  156. Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо
  157. Ёди он сарви равон ояд ҳаме
  158. Ёди рӯзгори ширин, хотироти ишқи дерин
  159. Ёраки ман, чиро хушбовар ҳастӣ, гулам?
  160. Ёр бо мо бевафоӣ мекунад
  161. Ё Раб, ғами бераҳмии чонон ба кӣ гӯям?
  162. Ер аз дили ман хабар надорад
  163. Забонамро намефахмӣ, нигоҳамро намебинӣ
  164. Зебанда, рахшанда, поянда, ҷоруби Алмос(суруди рекламавӣ)
  165. Зебонигорам, ба ман нигоҳ кун
  166. Зи бас ба ёди ту ҳаршаб Худо-Худо кардам
  167. Зи баҳори умри ман гуле чуз вафо наруст
  168. Зи ғам зору ҳақирам, бо кӣ гӯям?
  169. Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам
  170. Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ дар кор нест
  171. Зиндагӣ, яъне шаби нав, андешаи нав
  172. Зи санг нест калби манн, биё, ки об мешавад
  173. Зи хамроҳон чудоӣ маслихат нест
  174. Зи чони ман чи мехоҳӣ, ту рафтӣ бе ту ман мурдам
  175. Зи шабҳои дигар дорам таби ғам бештар имшаб
  176. Илоҳӣ, манн намедонам, ба илми худ ту медонӣ
  177. Имони манӣ, дигар чи хоҳӣ?
  178. Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам
  179. Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ
  180. Имшаб ба боми осмон, чашмакзанон, доманкашон
  181. Имшаб ба ёди руйи ту гавго кунам
  182. Имшаб шудаам маст, ки мастона бигирям
  183. Ин тавсани айем чи хуш роми Амин аст
  184. Ин хилвати ишқ, ин шоми зебо
  185. Ин чи ишқест, ки дар дил дорам?
  186. Ин шеърро барои ту мегӯям
  187. Ишқи ман бо ту буд, қалби ман бо ту буд
  188. Ишқи ман, ишқи ман, чӣ чора созам
  189. Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад
  190. Ишқу мехрат кулие, зебои ман
  191. Кай бошаду кай?
  192. Кай рафтаӣ зи дил, таманно кунам туро
  193. Камарборики ман, шоми торики ман
  194. Кардаам нола басе, дар пайи хамнафасе
  195. Каҷаки абруйт неши каждум аст
  196. Кистам ман? Рахнавард, овораву девонае
  197. Кист дар шахр, ки аз даст ғамат дод надошт
  198. Кобул пластики мо бутҳои қашанг дорад, (рекламавӣ)
  199. Коме нарондаему дил аз даст додаем
  200. Косаи сарам киштӣ
  201. Кош, ай танҳоумеди зиндагӣ
  202. Кош будам лола то ҷӯянд дар сахро маро
  203. Кошки, кошки, маро бо худ доштӣ
  204. Қадаҳро сар кунед, шабро саҳар кунед
  205. Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон
  206. Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ, дилбару дилдори ман астӣ
  207. Лолаи доғдидаро монам.
  208. Мавҷи дарё, абри сиёҳ
  209. Магар Худо зи ракибон туро чудо бикунад
  210. Ман агар девонаям, занчир ку?
  211. Ман бо шаробу паймонаву суруд
  212. Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар
  213. Ман дар ин вайронаманзил ганҷҳо гум кардаам
  214. Ман дар саройи ту шӯри дигар дорам
  215. Ман марди танҳои шабам, мухри хамӯшӣ бар лабам
  216. Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона
  217. Ман нагӯям, ки маро аз кафас озод кунед
  218. Ман надонистам аз аввал, ки ту бемехру вафоӣ
  219. Ман найнавозам, шабҳои ҳиҷрон най менавозам
  220. Ман ронда зи майхонаам аз ман бигурезед
  221. Ман гуломи камарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ
  222. Мара дилхун кардӣ
  223. Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид
  224. Маро он рӯз гирён офариданд
  225. Маро чун катраи ашке зи чашм андохти, рафти
  226. Маст шудам, соқӣ
  227. Мастона бизан бар сарам паймонаи айшамро
  228. Матарс, ай богбон аз гул, ки мебинам, намечинам
  229. Маъшука ба сомон шуд, то бод чунин бодо
  230. Мегум, ки дустет дорум, худета хап мезани
  231. Меравам хаставу афсурдаву зор
  232. Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам?
  233. Мекунӣ бар сари мо ту нози бисёр
  234. Механдам агар имшаб, бо ёди ту механдам
  235. моҳам зи раҳ расиду вале норасида рафт
  236. Муборак, муборак, арӯсии мо муборак
  237. Муборак, муборак Ҷумҳурии мо муборак
  238. Мурдам аз дарду намеоӣ ба болинам ҳанӯз
  239. Набарӣ гумон, ки муфте ба Худо расида бошӣ,
  240. Навбаҳор омаду шуд зинда ҷаҳон бори дигар
  241. На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе(оҳанги Зоҳир)
  242. На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе(Оҳпнги Найнавоз)
  243. Надонад расми ёрӣ бевафо ёре, ки ман дорам
  244. Намедонам ба рӯи кӣ бихандам
  245. Намехоҳам туро, ай духти мағрур
  246. Нару, нару, биё, биё
  247. Нашуд як лағза аз ёдат чудо дил
  248. Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз
  249. Нестам чун дигарон бозичаи бозингарон
  250. нигоҳ кун, ки нарезад, диҳӣ чу бода ба дастам
  251. Нозанини ман, маҳҷабини ман, маҳҷабини ман
  252. Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
  253. Нола кун, ай дили шӯридаи ман
  254. О дуторам, дуторам
  255. Омад нафаси субху саломат нарасонид
  256. Осмон холист, холӣ, рӯшинонашро кӣ бурд?
  257. Осмон, чашмам ба сӯят бар сарам борон бибор
  258. Оста буру, махи ман, оста буру
  259. Охир, ай дарё, ту хамчун ман дили девона дорӣ
  260. Охирин шоми ошноии мо, ки нахустин шаби чудойӣ буд
  261. Оҳ чи хуш омадӣ, сафо кардӣ
  262. Оҳанги зиндагӣ, хонад ба гӯши ман
  263. Ошиқам, ошиқ ба руят, гар намедонӣ, бидон
  264. Ошиқи рӯят ман, бастаи мӯят ман
  265. Ошиқ шудаам, гунохам ин аст
  266. Ошиқ шудаи, ай дил, ғамхоят муборак бод!
  267. Пайдо шуду пайдо шуд, гумгаштаи мо имшаб
  268. Пас аз ин зорӣ макун, ҳаваси ёрӣ макун
  269. Пиндоштам ҳамеша гули хотири манӣ
  270. Пирӣ расиду фасли чавонӣ дигар гузашт
  271. Пур кун пиёларо, к-ин оби оташин
  272. Пушида чун чон меравӣ, андар миени чони ман
  273. Рав сар бинех ба болин, танҳомаро раҳокун
  274. Рафтам, маро бубахшу магӯ ӯ вафо надошт
  275. Рафт аз барам дилситон, рӯзу шабам дар фиғон
  276. Рақс бикун, шӯр бидеҳ, хирмани зулфон, ало моҳи шабистон
  277. Раъша дар дасти боғбон уфтод
  278. Сад раҳ дар интизорат, то пушти дар давидам
  279. Сангборонам макун, ай осмон, ҳолам шикаста
  280. Сардори олам, шоҳи Мадина
  281. Сар-сари пушта, ошиқа кушта
  282. Сар то ба по сиёҳ ҳамчу он толеи манӣ
  283. Сахиҷон меравӣ, моро дуо кун
  284. саҳар мегуфт булбул богбонро
  285. Ситорагон бихонед, ба дилбарон расонед
  286. Ситора дида фуру басту орамид, биё
  287. Ситораи осмон аст реза-реза
  288. Сокӣ куҷоӣ, бода куҷо шуд?
  289. Соқиё, маро дарё
  290. Субҳ дамиду рӯз шуд, ёр ба ин баҳона рафт
  291. Суруди шабонгоҳ, чи хуш гоҳу ногоҳ
  292. Сурма кадӣ, бумурум сурма кадӣ
  293. Сӯзи калбам ҷовидонӣ
  294. Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан
  295. Танхотарин марди заминам
  296. Танҳошудам, танхо, осуда аз ғавғо шудам
  297. ТанҳотуйИ, танҳотуйИ, дар хилвати танҳоиям
  298. Тарсам озод насозад зи кафас сайедам
  299. Ташвиш макун, ёраки ман
  300. То, ай махи ман, рафтӣ зи барам
  301. То лабаш дар назарам мегузарад
  302. То ба чафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ
  303. Туба, туба, аз шаби хичрон туба
  304. Ту ба як дашти пур аз гул, ту ба як шаҳри тиллоӣ
  305. Ту бароям мукаддасӣ
  306. Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ
  307. Ту гар ба ман ёр шавӣ
  308. Ту ёри мани, дигар чи хоҳӣ?
  309. Ту гули нози ҳама, сарви таннози ҳама
  310. Ту, ту донӣ ту
  311. Туро афсуни чашмонам зи рах бурдаст, медонам
  312. Туро сад бор гуфтам, ки гуломат ман, хамин кофист
  313. Тӯфони ашки ҳасратам афсонаҳодорад ба дил
  314. У бону, бону ҷоно
  315. Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад
  316. Фитод аз дасти ман дил, ғами дил бо кӣ гӯям
  317. Хабар дорӣ, ки дину ишқу имонам туӣ, ҷоно!
  318. Хабар оварданд, омадаӣ, аз сафар баъди солҳои дароз
  319. Ханда ба лабҳои туро, нозу адоҳои туро
  320. Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё
  321. Хоб аз чашмонам рабудӣ, ай бевафо, бевафо
  322. Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду
  323. хоҳам чу рози пинҳон аз ман асар набошад
  324. Худат гул, даҳанат гул
  325. Худат медонӣ гули ман, худат медонӣ
  326. Худо бувад ёрет, Куръон нигахдорет
  327. Худо бувад ҳамроҳет, Қуърон пушту паноҳе
  328. Худои кун, эй маҳ гуноҳам бубахш
  329. Ҳавои ишқи ту аз сар бадар нахоҳад рафт
  330. Ҳама ёронам ба пурайшонӣ
  331. Ҳама рӯз аз ту ба қаҳрам, ҳама шаб бо ту ба ҷанғам
  332. Ҳамчу най менолам аз савдои дил
  333. Ҳамаш дарду ҳамаш ранчу ҳамаш ғам
  334. Ҳанӯз бар лаби ман ҷойи бӯсаҳои ту хаст
  335. Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз, бе ту намехандам
  336. Ҳаргиз касе ба рӯзи мани нотавон мабод
  337. Ҳарчанд ки дур аз ту пеши дигаронам
  338. Ҳар чо ки сафар кардам, ту хамсафарам будӣ
  339. Ҳошо ки ман ба мавсими гул тарки май кунам
  340. Ҳуснат рубояд обу тоб аз офтоб, ай моҳтоб
  341. Чаро дишаб ба суйи ман, намедидӣ, намедидӣ?
  342. Чашм ба рохат, дил ба ёдат гиря кардам
  343. Чашми сиёҳ дорӣ, курбонат шавам ман
  344. Чи бехуда, чи сода, мани ошиқи хаста
  345. Чи гармӣ?, Чи хубӣ?Шаробӣ?Чи хастӣ?
  346. Чи хилоф сар зад аз мо, ки дари сарой бастӣ
  347. Чи хоҳӣ гуфт рӯзи ҲАШР дар пеши Худои ман
  348. Чи шабҳо ба едат ба кунҷи чудоӣ
  349. Чӣ шуд ки рехт ба хам боз ошЁнаи мо
  350. Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам
  351. Чун кабутар ба бомам нишастӣ, дона хурдиву ромам нагаштӣ
  352. Чун саҳар равшан чароги зиндагӣ
  353. Ҷӯроби аспнишон, қашангу арзон (рекламавӣ)
  354. Шабе зи шабҳо, ману ту танҳо
  355. Шаберо бо ман, ай моҳи саҳархезон, саҳар кардӣ
  356. Шаби зулмониям имшаб сияҳ аз дишаб аст имшаб
  357. Шаб лабони доги хеш дидам бар лабони ту
  358. Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам
  359. Шабҳои зулмонӣ, миени тӯфонҳо
  360. Шабҳои рушан танҳонишинем
  361. Шикаст ахди ману гуфт ҳар чи буд гузашт
  362. Шикоят дорам, Ҳаволадор ба ту мегӯям
  363. Шоди кунед, ай дустон, ман шодаму осудаам
  364. Шояд, шояд, ки ман хумор гирам, донам
  365. Шуд абр пора-пора, чашмак бизан ситора
  366. Шудаӣ маст чиро, пиёла бар даст чиро?
  367. Як дил мега буру, буру
  368. Я встретил девушку (суруди русӣ)

Сурудҳои ҳиндӣ

  1. Мей шаир то нахин
  2. Чина яхан, марна яхан
  3. Чал-чал-чал, о мери сатхи
  4. Ачаре, аб мера дил пукара
  5. Чал акела, чал акела
  6. Мела ҷо пяр ка
  7. Йек пяр ка нағма
  8. Мери хото ки на пули кахан хе
  9. Китна назук хе дил
  10. Охре таал миле нади ки ҷалне
  11. Ай шармов кис-кис ко батав
  12. О нилаган кисале
  13. Онилика ба бутаре
  14. Суруди ҳиндӣ. Оҳанги Ишқи ман бо ту буд

Сурудҳои пашту

  1. О бадре тараврум
  2. Ларша Нангарҳор
  3. Рокира шароб
  4. У наро зи чонон зи мо
  5. Де чумхурият зи мо
  6. Шон наттох

Сурудҳои инглисӣ

  1. It’s now or never
  2. O sole mio
  3. My darling
  4. Суруди инглисӣ. Оҳанги Баҳори ҷавониам рафт, афсӯс
  5. When i was just

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Боз омадам. Душанбе, 1992;
  • Султони Ҳамад. Султони қалбҳо. Душанбе, 2005;
  • Султони Ҳамад. Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ. Душанбе, 2007;
  • Исфандиёр. Як мушт шеъру як мушт оҳанг. Душанбе, 2008;
  • Султони Ҳамад. Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб. Душанбе, 2012.

Пайвандҳо[вироиш]

  1. Ёди рӯзгори ширин — РӮЗГОР.ТҶ
  2. Аҳмад Зоҳир: «Мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам»
  3. Китобе дар бораи А. Зоҳир ва таронаҳои вай дар сабки ғарбӣ
  4. Хабиб Саид - Ахмад Зохир – яркая и неугасающая звезда персидского небосвода – ПДФ