Аҳмадӣ (навъи ангур)
Аҳмадӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ.
Баргаш ҷилодор, гирда, 3–5-парра, чоки байни парраҳояш миёна. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон (дарозиаш 28–33 см, бараш 14–16 см, вазнаш 385–530 г, баъзан 3,5–4 кг), зуғӯташакл. Ғужбаш калон (дарозиаш 20–24 мм, бараш 15–17 мм), гирд, сафеди сабзтоб (вазни 100-тоаш 550–580 г), 1–2 дона тухми майда дорад. Ғужмаш тунук, мумпардааш маҳин, дилааш хамираки сероб, хуштаъм ва гуворо. Ҳангоми пурра пухтан, дар таркибаш 26–28% қанд ва 4,0–4,2 г/л туршӣ мавҷуд аст. Даври нашви аҳмадӣ 140–150 рӯз идома ёфта, ҳосилаш моҳи авг. мепазад. Аз як га то 300 сентнер ҳосил медиҳад. Аҳмадиро асосан барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва мавиз кардан мувофиқ нест. Токаш зудсабз, 45–50 фоизи навдаҳояш самаровар. Кундаҳои ҷудогонаи токаш дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент ва деҳаҳои атрофи шаҳри Самарқанд вомехӯранд. Ба сармо тоб надорад, ба касалии гарда устувор аст. Аҳмадиро саҳван Гудунги худрӯй низ ном мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. 1. М., 1963;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.