Аҳмад ибни Рабеҳӣ
Зоҳир
أحمد أبن ربیحی | |
Маъруф ба | мусиқидон |
Аҳмáд ибни Рабеҳӣ (форсӣ: أحمد أبن ربیحی) — олими маъруф, мусиқишиноси машҳур, намояндаи мактаби мусиқии Бағдод.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар имтидоди солҳои 860—940 ба сар бурдааст. Ба Бухоро омада, дар соҳаҳои гуногуни илми мусиқӣ чандин китоб таълиф намудааст. Асарҳои ба амалия ва назарияи мусиқӣ бахшидаи ӯ «Китоб-ул-иқоот-ут-тағания», «Китоб-ул-маърифат-ул-мусиқӣ аш-шеър», «Китоб-ул-мусиқӣ», «Китоб-ут-тараннум-ул-ғино» беҳтарин рисолаҳо оид ба назарияи санъати мусиқӣ будаанд. Аҳмад ибни Рабеҳӣ дар асарҳои худ ғайр аз таҳқиқи масъалаҳои назариявии илми мусиқӣ маводди арзишмандро роҷеъ ба санъати мусиқии мардумони Бухоро ва дигар манотиқи Мовароуннаҳр овардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджабов А. К истории таджикской музыкальной культуры в IХ-Х вв. // Абу Али ибни Сино и его эпоха Д., 1989.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.