Аҳрор Қалондаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳрор Қалондаров
Аҳрор Аҳмадович Қалондаров
Таърихи таваллуд 12 июн 1971(1971-06-12) (52 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омȳзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷȳраев

Аҳрор Аҳмадович Қалондаров (тав. 12.06.1971, д. Кулумбаи поёни н. Дарвоз) — географ, номзади илмҳои география (2011), дотсент (2019).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳрор Қалондаров соли 1988 – 1994 дар Донишгоҳи давлатии омȳзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷȳраев таҳсил намуда, солҳои 1994 – 1997 ба ҳайси муаллими география ва биология дар мактаби миёнаи №30-и ш. Душанбе, ҳамчунин, дар ин муддат то соли 2000 ассистенти кафедраи «Геоэкология ва муҳофизати табиат», 2000 – 2003 аспиранти кафедраи «Геоэкология ва муҳофизати табиат» - и Донишгоҳи давлатии омȳзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷȳраев, давоми солҳои 2003 ва 2009 ҳамчун муаллими калони кафедраи «Геоэкология» - и ДДОТ ба номи С. Айнӣ, солҳои 2009 – 2011 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Геоэкология» - и донишгоҳи номбурда, солҳои 2011 – 2013 ба ҳайси мудири кафедраи «Географияи табиӣ»-и донишгоҳи мазкур, давоми солҳои 2013 – 2015 ҳамчун мудири кафедраи «Идоракунии иқтисодиёт ва молия»-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2016 – 2020 мудири кафедраи «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ»-и факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 2020 то инҷониб ба ҳайси декани факултети географияи Донишгоҳи мазкур кор мекунад. Дар тули фаъолияти омȳзгории худ ба сифати муаллими таҷрибадор дар омода намудани садҳо нафар мутахассисон барои макотибҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ саҳми назаррас дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Экологическое влияние орасительних систем в процессе интенсивного использования земельних ресурсов // Маводи конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 75-солагии Қ. Ҷӯраев. Д., 2003;
  • Масъалаҳои навтарини географияи иқтисодии ҷаҳон.Д., 2020;
  • Оcобенности социально- демографического развития городов Республики Таджикистан (на примере Согдийской области).Монография.Д., 2015

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]