Аҳсану-т-таворих
Унвони мақола | ар. أحسن التواريخ |
---|---|
Нависанда | Ҳасанбеги Румлу |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
«Аҳсану-т-таворих» (ар. احسنالتواریخ) — асари таърихӣ, муаллифаш Ҳасанбеки Румлу.
«Аҳсану-т-таворих» иборат аз 12 ҷилд буда ба забони форсӣ иншо шудааст. Таълифи он соли 1577 анҷом ёфта, то ба рӯзгори мо танҳо нусхаҳои ҷилдҳои 11 ва 12 расидаанд. Ҷилди 11 воқеаҳои таърихии солҳои 1405-93 ва ҷилди 12 воқеаҳои солҳои 1494-1577-ро фаро гирифтаанд. Ҷилди охирини ин асар таърихи даврони ҳукмронии шоҳони сафавӣ — Исмоил, Таҳмосб ва Исмоили II-ро дар бар гирифта, соли 1931 ва 1934 дар ду китоб ба тавассути Ч. Н. Седдон дар Ҳиндустон бо тарҷумаи англисӣ ба табъ расидааст. «Аҳсану-т-таворих» соли 1970 дар Теҳрон чоп шуда, ҳамчунин қисматҳое аз он ба забонҳои русӣ, гурҷӣ, англисӣ ба табъ расидаанд. Ҳасанбеки Румлу (1531—1577) дар «Аҳсану-т-таворих» доир ба таърихи Осиёи Миёна низ маълумоти ҷолиб додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳсан-ут-таворих // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.