Аҷоибу-л-булдон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Аҷоибу-л-булдон» (ар. عجائب البلدان‎) — асари Абулмуаййиди Балхӣ оид ба аҷоиботу ғароибот ва мавзеъҳои шигифтангези олам.

Таърихи иншо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи дуюми садаи X ба номи амири Сомониён Абулқосим Нуҳ ибни Мансур (ҳукмронӣ 976–997) иншо шудааст. То замони мо нусхаи номукаммал ва таҳриршудаи «Аҷоибу-л-булдон» расидааст. Дар он замон «Аҷоибу-л-булдон» китоби маълуму машҳур будааст. Масалан, муаллифи «Таърихи Сиистон» аз ин китоб бо номи «Аҷоиби барру баҳр» ёд карда, дар фароҳам овардан ва маълумот додан оид ба Сиистон аз он истифода кардааст.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар «Аҷоибу-л-булдон» маълумоти ҷолиб оид ба баъзе кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон, Хатлон (тавсифи вазъи таърихиву ҷуғрофӣ, мардумшиносӣ, аспҳои хатлӣ ва ғайра) оварда шудаанд. «Аҷоибу-л-булдон» на танҳо чун асари таърихӣ, ҷуғрофӣ аҳаммият дорад, балки асари пурарзиш барои омӯзиши забони форсӣ низ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]