Jump to content

Аскаралӣ Раҷабзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз А. Раҷабов)
Аскаралӣ Раҷабзода
Аскаралӣ Раҷабов
Аскарали Раҷабов, доктори илми таърих, профессор
Аскарали Раҷабов, доктори илми таърих, профессор
Таърихи таваллуд 16 июн 1944(1944-06-16) (80 сол)
Зодгоҳ вилояти Сурхондарё, Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих санъатшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Ҷоизаҳо
Ордени Шараф (1999)

Аскаралӣ Раҷабов (16 июни соли 1944, ноҳияи Сариосиё) — муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих (1994), профессор (1999), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1991), дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба номи Борбад (1992), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР ва Тоҷикистон (1991), узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аскаралӣ Раҷабов 16 июни соли 1944 дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1969) аст. Солҳои 1969—1972 корманди Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шуъбаи таърихи маданият мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс — тоҷик Борбад хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом», (2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007—2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.

Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад. Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад (1990), 1000-солагии эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто (2002), 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ (2003, 2006). Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони Сосониён (224—651), Сомониён (819—1005), рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои ХIV-ХVIII саҳми бузурги илмӣ гузоштааст. Самти муҳими фаъолияти илмии Раҷабов А. таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни олим эҷодиёти композитории Ш.Соҳибов, А.Солиев, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, З.Шаҳидӣ инъикос гардидааст. Раҷабов А. дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва диг.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст.

  • Маданияти мусиқии тоҷик дар асарҳои XIII—XIX. — Д., 1984. — 110 с.
  • Наҷмидини Кавкабӣ ва рисолаи мусиқӣ. — Д., 1985. — 114 с.
  • Нағмаи ниёгон. — Д., 1988. — 153 с.
  • Афкори мусиқии тоҷик дар асарҳои XII—XV. — Д., 1989. — 235 с.
  • Зайнулобиддин Маҳмуди Ҳусайнӣ ва қонуни илмию оммавии мусиқӣ. — Д., 1987. — 336 с.
  • Сарнавишти хунёгар. — Д., 1990. — 106 с
  • Традиции классической музыкальной культуры эпохи Сасанидов. — Д., 2005. — 108с.
  • Мусиқӣ дар тамад¬дуни Сомониён. — Д., 2000. — 198 с.
  • Аз нур то сетои Акашариф Ҷӯра. — Д., 2000. — 104 с.
  • Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таъриҳии он дар садаҳои XVI—XVII. — Д., 2007. — 220 с.
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ. — Д., 2007. — 218 с.
  • Борбад: Эпоха, традиции и новаторство. — Д., 2008. — 230 с.
  • Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар асрҳои IV—VI. — Д., 2011. — 255 с.
  • Борбад и Рудаки: Премественность и общность традиции. — Д., 2013. — 220 с.

Мақолаҳо дар маҷмуаҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Музыкально-поэтический цикл ‘Марви’ как историко- культурный памятник// в кн.:Наследие юго- восточного Туркменистана в системе древних и средневековых культур Евразии (Ашхабад,2014, с.20-21; с.238-239; с.408-409 (на рус., анг. и туркмен.яз.).
  • Махтумкули и культурная среда Бухары" // в кн.: «Махтумкули Фраги и общечеловеческие культурные ценности. — Ашхабад, 2014, стр.71-73, на рус.; с.145-146, англ.яз.; с. 234—235 на туркмен. яз.).
  • Pre-Islamic Musical-Aesthetic ideas of the Iranian in the Context oif 1V-V11 Centuty Art» // в кн.: The IndianShilpa and the cultural resurgence from the Sassanids to Seljugids,New Delhi-110001), pag.113-122.
  • Музыкально- исполнительские традиции эпохи Абдурахмана Джами и ее место в цивилизации Центральной Азии "// в кн.: Абдурахман Джами и культурные традиции его эпохи, изд. — Д.:"Дониш",2014, с.162-20.
  • Музыкально- эстетическая мысль Мавляна Руми в контексте музыкальной культуры Мавераннаҳра и Хорасана(Х111- ХV1 вв." //в кн: Литературные связи и культуры Востока. — Худжанд: «Ношир», 2014,с.536-548.
  • Skillful creative, performing, scientific and musical traditions of Abdurahman Jami’s time and its role in the culture jf Maverannahr and Khurasan"// в журн. «Nuri ma’rifat», Хujand,2014. pag.7-8.
  • Навруз и музыкально- поэтическая традиция таджиков// в кн.:Навруз и историко-культурные традиции народов Центральной Азии: история и современность — Д. — Ашхабад,2014, с.96-140.[1]
  • ордени «Шараф» (1999)
  1. Раҷабов Аскаралӣ //Донишномаи Шашмақом. — Д., 2009. — С.278.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]