Абдулхайр Бадалов
Таърихи таваллуд | 10 май 1949 (75 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиё |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти кимиёи технологии Маскав (1970) |
Абдулхайр Бадалов (тав. 10 майи 1949, деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ) — кимиёшинос, доктори илмҳои химия (1993), профессор. (1995).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти кимиёи технологии Маскав (1970). Ассистент, муаллими калон ва дотсенти ИПТ (1970–92), мудири кафедраи кимиёи умумӣ ва ғайриорганикӣ (1992–2003), ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (2003–06), декани факултети кимиёи технологӣ ва металлургияи ДТТ ба номи М. Осимӣ (аз соли 2007).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулхайр Бадалов оид ба кимиё ва термодинамикаи кимиёӣ таҳқиқот анҷом додааст. Доир ба тавсифи термодинамикии пайвастҳои кимиёӣ, аз ҷумла тақр. 100 пайвасти гидридӣ, маълумоти иловагӣ ба даст овардааст, қонуниятҳои тағйири пайвастҳои гидридӣ ва гидрофторидӣ (мас., галогенидҳо, онидҳо, нитридҳо, борогидридҳо, лантаноидҳо), хусусиятҳои термикии зиёда аз 200 интерметаллидҳои системаи алюминий-лантаноидҳоро муайян намудааст. Муаллифи 2 монография, 10 дастури таълимӣ барои донишҷӯён ва мақолаҳои зиёди илмӣ.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Физико-химические свойства простых и комплексных гидридов элементов I А, II А групп и редкоземельных металлов. Д., 1994;
- Теплофизические и термодинамические свойства водных растворов гидрозина и фенилгидрозина. Д., 2007;
- Ҳазору як мисолу масъалаҳои санҷиш аз химия. Д., 2010.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бадалов Абдулхайр // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.