Jump to content

Мадм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Мадм
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Айнӣ
Ҷамоат Деҳоти Урметан
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2347 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520

Мадмдеҳа дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд.

Калимаи «Мадм» кадимаи суғдӣ буда, дар манбаҳои пешини таърихӣ ва осори луғавӣ ҳамчу "мавзеи баланд", "миёназамин", маънидод шудааст.

Аз деҳа то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 27 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2347 нафар (2017).

Мадм  яке аз деҳаҳои водии Зарафшон аст, ки бар асоси таҳқиқҳои санадноки таърихнигорон гузаштаи таърихии беш аз 2500- сола дорад. Номи ин деҳа ҳанӯз хело барвақт дар осори таърихӣ ва дигар навъи сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ, ёддоштӣ ва ғайра зикри ном шудааст. Дар манобеи муътамади таърихӣ, ҳанӯз ҳини лашкаркашиҳои ҷаҳонгиронаи Искандари Мақдунӣ ба қаламрави Осиёи Миёна, ки ба солҳои 329 — 327 -и қабл аз мелод рост меояд, Мадм ҳамчу истилоҳи ҷуғрофӣ ном бурда шудааст.

Ин далелҳои муаррихони аҳди қадим ва таърихнигорони даврони асрҳои миёна аз он шаходати яқин медиҳанд, ки сукунати нахустин бошандагони ин деҳа ба замонҳои басо барвақт, аз он ки тасаввур мёшавад, рост меояд. Анъана ва расму адатҳои мардумони ин деҳа басо нодир, омӯхтанӣ ва дар муқоиса бо дастовардҳои он марҳилаи таърихӣ пурарзиш будаанд. Баъдтар дар асрҳои миёна, ки дар таърихи гузаштагони обрӯманди мо саҳифаҳои тозаеро бозкушоӣ намудааст, мақоми деҳаи Мадм аз ҳайси як макони муқаррарии ҷуғрофӣ ба сифати маркази муҳими маъмурӣ боло рафта, ҳамин тавр дар нигоштаҳои таърихнигорони гуногун зуд — зуд ёдрас мешавад ва ба ҷойгоҳи вуқуи ҳодисаҳои қисматсоз мубаддал мегардад. Дар болооби водии Зарафшон як қудрати азими маъмурӣ созмон меёбад, ки дар асарҳои таъринависони он замон ва имрӯз дар таърихнигории муосири тоҷикӣ ҳамчун Буттамон маъруф мондааст.

Замони пойдории ии қудрати минтақавӣ Мадм ҳамчу маркази он интихоб шуда, ин ҳақиқати бебаҳси таърихӣ гувоҳ бар муҳимияти стратегӣ ва таърихии ин деҳа дар он замон аст, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонад боиси шакку тардид гардад ва ниёз ба шарҳу эзоҳи тӯлонӣ низ надорад. Шахсиятҳои намоёну пурмаҳсули илми шуҳратёфтаи таърихи Тоҷикистон — академик Бобоҷон Ғафуров, академик Аҳрор Мухторов ва профессор Юсуфшоҳ Ёқубов дар асарҳои гуногунмавзӯъи таҳқиқотии худ ин нуқтаро бо санадҳои қавии илмӣ асоснок намуда, зарурати ҳамагуна шубҳабарангезиро аз миён бардоштаанд. Ҳамчунин мухаққиқони дигари шӯравӣ Брагинский А. А., Маршак Б., Исҳоқӣ Абдулло, Фрайман ва дигарон низ дар риштаи суғдшиносӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги минтақаҳои сугғднишин ковишҳои фундаменталӣ кардаанд, ки дурустии гуфтаҳои боло аз навиштаҳои онҳо бармеоянд.

Мадм замони муқобилияти аҷдодони мо муқобили ҳуҷумҳои забткоронаи арабҳо охирин мавзеи давраи ниҳоии бархӯрдҳои мусаллаҳонаи Диваштич гардид. Ҳарчанд кӯшишҳои озодихоҳонаи ин фидоии содиқи арзишҳои миллиамон дар поёноби Зарафшон шурӯъ гардид, лек дар Мадм ба марҳилаи ҷамъбастии худ расид. Он замон Мадм қалъаи бузурги мудофиавӣ дошт, ки барои душманон тасхирнопазир буд. Диваштич дар пушти бораҳои наҷотбахши ин қалъа паноҳ ёфт ва ҷони худу ҳамроҳони ҳамрайъашро дар эминӣ бигузошт.

Сокинони Мадм аз вуруди ин муборизи ҷабҳаи озодии онҳо гарм истиқбол ба амал оварданд ва китф ба китфи ҳамдигар қарор гирифта, хати шикастнопазири мудофиавиро созмон доданд, ки метавонист ҳамагуна ҳуҷумҳои барқосоро хунсо кунад. Гузашта аз ин матонату худфидоии онҳо дар роҳи ҳифзи ҳар як порчаи муқаддаси сарзамини аҷдодӣ дар вуҷуди бадсиришти арабҳои ишғолгар ҳамагуна эҳтимоли дастиёрӣ ба пирӯзиро ба якбор аз байн бирабуд. Зимни футуҳоти хеш арабҳо аз фиреб бисёр кор гирифтанд ва аз ин хотир ҳамеша ғалаба дар набард ҷониби онҳо буд.

Диваштич бо наздикони ҳамяроқаш дар қалъаи Гардани (Гарданаи ) Ҳиcop, ки дар деҳаи Мадм воқеъ буд, барои худ паноҳгоҳи боэътимод ёфт, то неруи тозанафас гирд оварад ва стратегияи муқовимати минбаъдаашро тарҳрезӣ намуда, марҳилаи нави муборизаро оғоз кунад. Ӯ ҳини истиқоматаш дар Мадм бо пешвоёни ҳаракатҳои озодихоҳи Бохтару Истаравшан ва Ҳафтрӯд иртибот барқарор карда, нақшаи муқовимати муштарак созмондодашударо тартиб дод.

Мавзеъҳои Амсо, Порбоғ, Айн, Кандик ва ғайра бевосита шаҳодат медиҳанд, ки ин русто аз давраи суғдиён вуҷуд дошт. Ҳатто баъзе амалҳои оташпарастӣ то имрӯз ҷой доранд. Ба монанди дар ҷойҳои муқаддас гузоштани шамъҳо, аз болои алов парида гузаштан, ҳангоми гусели азизони худ ба масофаҳои дур дар остонаи дар испанд дуд кардан ва боқимондаи онро дар зери остонаи дарвоза партофтан боқӣ мондааст, ки қадима будани деҳаро тасдиқ мекунад[1].

«…Дар асри шаш мавзеъҳои Зарафшони боло, Моғиён (моҳтобӣ), Парғар (замини куҳӣ), (Фалғари имрӯза), Киштут (Киштути имрӯза), Мартушкат (Мастчоҳи имрӯза), дохил мешуд. Ҳамчунин деҳаҳои Мадм, Зеровдавк (Зерободи ҳозира), Эскотар ( Искандари муосир), Химканд, Варз (Варзи манори имрӯза), Курут (Курути имрӯза), Фатмиф, (Фатмев и ҳозира), Поҳут (Похут и ҳозира), Дараи Яғноб низ ба ҳайати Панҷакент шомил буданд.»

— Исроил Исмоилов. Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994

[2].

Мадми қадим (дар ноҳияи Айнии муосир) бо Панҷакент иртибот дошт, чунки дар итоати ҳокими Панҷакент Деваштич буд[2].

Мадм монанди ҳар деҳаи дигари Тоҷикистон мавзеъҳои зиёде дорад, ки номгузории онҳо аз ҷиҳати интихоби он, мувофиқати мазмуни ном бо махсусиятҳои ҷуғрофию табиии мавзеъ аксар дуруст сурат гирифтаанд. Баъзе ин номҳо барои имрӯзиён нофаҳмостанд, лек хуш садо медиҳанд, ки ин ҷо зикри қисмате аз онҳоро мувофиқи матлаб медонем: Амсои поён, Амсои боло, Дашти Мирон, Антароқ, Тагоби Боло, Тагоби Поён, Қулоб, Анкар ва ғайра.

  1. Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ. Масҷиди «Мирон»-и водии Зарафшон. faraj.tj. ФАРАЖ. 22 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 июли 2017.
  2. 2.0 2.1 Исроил Исмоилов. Дастур оиди Панҷакенти қадим. — Душанбе: «Адиб», 1994.
  • Абдурақиб Қодиров. Дар ҳошияи як ҷашн. — Душанбе: «Ватанпарвар», 2002. — 35 с.
  • Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2