Jump to content

Бадарға

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бадарға, табъид — аз маҳалли истиқомат маҷбуран дур намудани маҳкумшуда.

бадарға дар қисме аз мамлакатҳои дунё як навъи ҷазо буда, дар ҳаққи маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки додгоҳ зиндагӣ кардани онҳоро дар ҷойи истиқоматашон барои ҷамъият хатарнок медонад.

Бадарға ду навъ мешавад:

  1. ба ҷойи муайян
  2. аз ҷойи муайян

Бадарға ба ҷойи муайян аз он иборат аст, ки маҳкумшуда аз ҷойи истиқоматаш ронда, ҳатман ба ҷойи муайян кӯчонда мешавад. Бадарға аз ҷойи муайян аз он иборат аст, ки шахси маҳкумшуда аз ҷойи истиқоматаш ронда, истиқомат кардан дар ҷойҳои муайян ба вай манъ карда мешавад. Бадарға ба ҷойи муайян ва бадарға аз ҷойи муайянро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ ба муддати аз 2 то 5 сол таъйин кардан мумкин аст. Бадарға ба ҷойи муайян ва бадарға аз ҷои муайян дар ҳаққи касоне, ки то содир кардани ҷиноят 18-сола нашудаанд, татбиқ карда намешавад. Бадарға ба ҷойи муайян ба занони ҳомила ва заноне, ки дар нигоҳубини худ фарзанди то синни 8-сола доранд, низ татбиқ карда намешавад. Тартиб, ҷой ва шароити адо кардани муҳлати бадарға ба ҷойи муайян, инчунин тартиб ва шароити бадарға аз ҷойи муайянро қонунгузории давлат муқаррар менамояд.