Бадгумонӣ
Бадгумонӣ — мафҳуми равоншиносӣ, ки шахс ба одамон бовар намекунад, дар амалҳои шарикон мавҷуд будани фиребу найрангро гумон мебарад.
Одамони бадгумон аз тарафи ҷамъият мазаммат карда мешаванд, чунки бо шубҳаҳои худ шарикони ростқавлу дурусткорашонро меранҷонанд. Дар натиҷа шахси бадгумон ба диг. бовар накарда, ба фиребу найранг майл доштанашро ба онҳо интиқол медиҳад. Б.-и бемаъно ва қатъӣ, хусусан, Б.-и бо рашку таъқиб алоқаманд девонаавзоӣ (параноя) ном дошта, ҳамчун бемории рӯҳӣ баҳо дода мешавад, яъне шахс ҳамаи ҳақиқатҳои ба васвос мухолифро рад карда, ҳар касеро, ки ақидаҳои ӯро тарафдорӣ намекунад, душман мешуморад. Баръакс, зудбоварии аз ҳад зиёд низ хислати манфӣ маҳсуб мешавад. Б. дар Авесто, осори пандуандарзӣ ва эҷодиёти шоирони форс-тоҷик ҳамчун хислати бади инсонӣ мазаммат шудааст:
- Бадгумон бошад ҳамеша зишткор,
- Номаи худ хонад андар ҳаққи ёр. (Ҷалолуддини Балхӣ)
- Кайи номвар сар сӯи осмон
- Бароварду бад хост бар бадгумон. (Фирдавсӣ)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.