Jump to content

Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор

«Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор» (ар. بدایع الافکار فی صنایع الاشعار‎) — асари Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки мавзӯи баҳсаш саноеи бадеӣ ва нақди адабӣ мебошад. Тақрибан солҳои 1488–1489 навишта шудааст. Аз муқаддима, ду боб ва хотима иборат аст.

Дар муқаддима чаҳор фасл, як фоида ва як нукта фароҳам омадаанд. Дар фасли якум, ки «Дар таърифи шеър» ном дорад, Кошифӣ ҳам ақидаи суханшиносонро, ки шеърро «каломест мураттаби маънавӣ, мавзуни мутакаррар» гуфтаанд ва ҳам фикри мутафаккиронро, ки онро «мухайяли мавзуни муқаффои маъалқасд» донистаанд, зикр карда, ҳар яке аз талабҳои фавқро муфассал тавзеҳ додааст. Дар «Нукта» ривояте дар бораи «шеър» ном гирифтани каломи мавзун нақл шудааст. Дар фасли дуюм – «Дар баёни анвоъ» нуҳ навъи шеър (қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, фард, маснавӣ, мусаммат, тарҷеот ва мувассат) тавсиф ёфтаанд. Фасли сеюм – «Дар баёни ақсоми шеър» тафсири мураддаф, маҳҷуб, зотулматолеъ, маҳдуд, матбӯъ, мулойим, салис, саҳли мумтанеъ, ҷазл, муртаҷал, фикрӣ, маснӯъ, зуннавъайн ва мутанавъайнро дар бар мегирад. Дар фасли охирини муқаддима аз баёни баъзе истилоҳот – эҷоз, баст, мусовот, матлаъ, мақтаъ, мусарраъ, байт, назм, наср, насри мураҷҷаз, насри мусаҷҷаъ, насри орӣ, насиб, ташбиб, байтулқасида, муворада ва дуои таъбид сухан меравад. Дар «Фоида» алфозе, ки дар анвои шеър мустаъмал мебошанд – тавҳид, наът, манқабат, маслабат, мавъиза, асрор, мадҳ, ҳаҷв, ҷид, ҳазл, мутоиба, марсия, мунозира, хамриёт ва қасамиёт мухтасаран тавзеҳ ёфтаанд. Боби аввали «Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор» – «Дар саноеи шеърӣ» қисми асосии китоб буда, шарҳу тафсири санъатҳои бадеиро фаро гирифтааст. Боби дувуми «Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор» дар баёни айбҳои назм, илми нақд аст. Кошифӣ ҳам мисли суханшиносони диг. вазифаи илми нақдро дар шинохти нуқсонҳои шеър донистааст. Ноқид, аз назари ӯ, касест, ки «сухани покизаву беайб аз миёни суханони ношоиста ва маъюб» ҷудо намояд. Дар ин боб айбҳои шеърии мусолита, салх, масх, илмом, муноқаза, удул, зиёдат, ҳазф, тағйирот, илғо, таҷаммуъ, самоҳатулибтидо, инҳироф, самоҳатулинтиҳо, мухолифати насибу ташбиб, ракокатуттахлис, ибромуссуол, такаллуф, мутакаллифи мазмум, мутакаллифи маҳмуд, тахлеъ ва-ннузул фил-мадҳи мавриди шарҳ қарор гирифтаанд. Дар хотимаи «Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор», ки дар илми қофия буда, аз ҳафт фасл фароҳам омадааст, аз масъалаҳои зерин сухан меравад: маънии қофия ва ҳуруфи ҳаракоти он, навъҳои қофия, ки ба ҳам ҷамъ шуда метавонанд, авсофи қофияҳо, баёни қофияи аслию маъмул, қофияи шойгон, уюби қофия ва зикри нуқсонҳое, ки ба радиф тааллуқ доранд.

«Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор» қимати баланди илмию амалӣ дорад. Матни як нусхаи он бо муқаддима ва феҳристи истилоҳот дар Маскав (1977) ба табъ расидааст.

  • Сатторзода А. Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ. Д., 2001;
  • Сатторзода А. Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ. Д., 2012.