Бадр (моҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Моҳи пурра 8 сентябри 2014

Бадр (ар. بدر ‎ — моҳи тамом), моҳи шаби чаҳордаҳ, моҳи пурра — ҳолат (фаза)-и Моҳ, ки дар он фарқи тӯли эклиптикии Офтоб ва Моҳ ба 180° баробар аст (яъне Моҳ дар хатти сайри худ муқобили Офтоб ҷойгир аст).

Дар ин вақт Замин байни Офтоб ва Моҳ тавре қарор мегирад, ки дар назари мо Моҳ равшан аст. Ҳангоме ки Моҳ ба нуқтаи муқобили Замин нисбат ба Офтоб мерасад, ё ба ибораи диг. фосилаи кунҷи Моҳу Офтоб 180° дараҷа мешавад, тамоми қурси Моҳ равшан ба назар мерасад. Дар илми астрономия лаҳзаи бадр бо саҳеҳияти том нишон дода мешавад. Дар маънии оммавӣ бадр 2-4 рӯзеро меноманд, ки Моҳ шакли пурраи худро нигоҳ медорад. Муддати ду соат пеш ва баъд аз бадр равшании қурси Моҳ зиёд мешавад, ки сабаби он комилан нест шудани соя (барои мушоҳидагар аз Замин) аз сатҳи сайёра аст.

Дар адабиёти форс-тоҷик бадр маҷозан ба маънои моҳрӯ, маҳваш, моҳсимо, моҳлиқо, нозанинрухсор истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]