Бадр (шаҳри Арабистон)
Шаҳр | |
بدر | |
Кишвар | Арабистони Саудӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 116 м |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бадр (ар. بدر), номи комил: Бадри Ҳунайн (ар. بدر حنین) — минтақаест дар 160 км ба Мадинаи мунаввара дар роҳи Маккаи мукаррама. Он маконе буд, ки арабҳо ҳар сол барои хариду фурӯш ҷамъ меомаданд. Дар ин мавзеъ задухӯрде миёни мусулмонон бо мухолифонашон сурат гирифта буд, ки бо номи «Ҷанги Бадр» маъруф аст. Ин набард 17 рамазони соли 2 ҳ., мутобиқ бо 624 м. рух дода буд. Дар ин набард шумораи мусулмонон бинобар қавли машҳур 313 нафар буда, теъдоди мухолифон беш аз 1000 нафарро ташкил медод. Тибқи ояи 12 сураи Анфол дар ин ҷанг малоик низ ҳузур доштаанд. Пирӯзӣ ва ғолибияти мусулмононро Худованд дар оятҳои 123–126 сураи мубораки Оли Имрон хабар додааст. Дар ин ҷанг ду нафар саркардаи мухолифини мусулмонон, яке Абуҷаҳл ибни Ҳишом ва дигар Умайя ибни Халаф ба ҳалокат расиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- علی محمد علی الصلابی. موسوعة السیر الطبعة الثانیة. بیروت، ۲۰۰۹؛
- سید ابو الحسن الندوی. نبی الرحمة. ترجمۀ محمدقاسم قاسمی. تهران، ۱۳۸۴؛
- صفی الرحمن المبارکفوری. سیرة النبی. ترجمۀ عبدالله خاموش هیروی. تهران، ۱۳۸۲
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.