Jump to content

Баззоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баззоз (ар. بزاز‎) — тоҷири газворфурӯш (фурӯшандаи матоъи абрешимӣ, порчафурӯш, ҷомафурӯш ва ғайра). Яке аз касбҳои қадими тоҷирӣ.

Дар замонҳои пеш дар бозорҳои Осиёи Марказӣ дуконҳои матоъфурӯшии баззозҳо хеле бисёр буданд. Баззозҳо матоъ ё порчаҳои газворро ба аспу ароба бор карда, ба деҳаҳои дурдаст мебурданд ва талаботи мардумро ба фурӯши чит, сатин ва дигар матоъҳои пахтагин қонеъ мекарданд. Тавассути баззозон матоъҳои мухталиф аз аз шарқ ба ғарби олам ва баръакс бурда мешуданд. Дар асрҳои гузашта баззоз ҳамчун савдогар дар ҳаёти иқтисодии мардум мавқеи хос дошт ва дорандагони ин пеша аз он ифтихор мекарданд.

Дар адабиёти классикӣ низ аз истилоҳи баззоз фаровон ёдовар шудаанд. Дар баъзе манбаъҳо калимаи баззозона истифода мегардад, ки ба баззоз нисбат дода шудааст. Бизозат пешаи баззозӣ, яъне шуғли баззоз буда, баззозистон бозори баззозҳо буд. Дар гузашта шахсиятҳои маъруфи адабие буданд, ки тахаллуси «Баззоз», ё «баззозӣ» доштанд, ин бар он маънӣ буд, ки эшон бад-ин ҳунар ё машғулӣ доштаанд ва ё аз аҳли чунин хонадонҳо буданд. Бо мурури замон ин маслак барҳам хӯрд. Ҳоло ба ҷойи дуконҳои баззозӣ мағозаҳо (давлатию, хусусӣ) фаъолият доранд.