Базидиомитсетҳо
Базидиомитсетҳо | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Basidiomycota R.T. Moore, 1980 | ||||||||||||||
Зершуъба | ||||||||||||||
|
||||||||||||||
|
Базидиомитсетҳо (лот. Basidiomycota, аз юн. basidion – таҳкурсӣ ва mykes – занбӯруғ) — як синфи занбӯруғҳои дараҷаи олӣ, ки узвҳои махсуси афзоиш – базидияҳо доранд.
Ҳаёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Базидия дорои 4 спораи якҳуҷайра (базидиоспораҳо) буда, онҳо дар нешҳои махсус – стерагмаҳо ҷой гирифтаанд. Дар натиҷаи сабзиш дар ҳар як базидиоспора митселияҳои гаплоидӣ, яъне танаи занбӯруғ ҳосил мешавад. Сипас дар аксари базидиомитсетҳо ҳуҷайраҳои ҳамин митселий ё митселияҳои гуногун омезиш ёфта, митселияҳои диплоидӣ ҳосил мекунанд. Минбаъд дар базидияҳо мейоз рӯй медиҳад ва он бо ҳосил шудани чор ядро ба анҷом мерасад.
Намудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Базидиомитсетҳо зиёда аз 15 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Бисёрии онҳо ғизоӣ (мас., дили барра, карнайзанбӯруғ ва ғайра), баъзеашон заҳрнок (телпаки қозӣ, сиёҳак ва ғайра) мебошанд. Базидиомитсетҳое низ дучор мешаванд, ки дарахтро мепӯсонанд, ба зироат зарар мерасонанд.
Базидиомитсетҳо ба ду зерсинф тақсим мешаванд: холобазидиомитсетҳо (Holobasieliomycetes; базидияашон якҳуҷайравӣ аст) ва фрагмобазидиомитсетҳо (Phragmobasidiomycetes; базидияашон чорҳуҷайравӣ ё якҳуҷайравии нокшакл мебошад).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Базидиомитсетҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 262. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.