Байконур
Макон |
, Россия арендуется Россией до 2050 года |
---|---|
Обозначение | TTMTR |
Основан | 2 июня 1955 года |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Космодро́ми Байкону́р (аз қаз.: Байқоңыр – «замини серҳосил» ва баъзе «беканор»-и форсӣ низ гуфтаанд) — нахустин ва бузургтарин[1] космодроми ҷаҳон. Дар ҳудуди Қазоқистон, дар наздикии шаҳраки Тюрат, воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 6717 км² буда, онро дар ҷануб аз шарқ ба ғарб дарёи Сир убур мекунад.
Сохтмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмони Байконур 12 фев. 1955 чун санҷишгоҳи мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ оғоз гардида буд. Санаи расмии ташкилёбии Байконур – 2 июни 1955 буда, аз соли 1957 чун космодром истифода мешуд. Солҳои 1970–80 Байконур яке аз бузургтарин космодромҳои ИҶШС буд. Дар космодроми Байконур 9 маҷмӯи стартӣ, 15 таҷҳизоти партоби мушакҳои баранда, 4 таҷҳизоти санҷиши мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ, 11 бинои васлкунию санҷишӣ бо 34 маҷмӯи техникии омодасозии мушакҳои баранда, 3 пойгоҳи сӯзишвории мушак ва гази фишурда, маҷмӯи андозакунанда бо маркази иттилоотию ҳисоббарорӣ барои назорат ва идораи парвози мушаки баллистикии баранда ва коркарди иттилооти-телеметрӣ, з-ди оксигену нитрогенбарорӣ, маркази барқдиҳии иқтидораш 60 МВт, энергопоезди иқтидораш 72 МВт, 600 зеристгоҳи трансформаторӣ, 92 нуктаи алоқа, ду аэродром: ва 470 км р. о., 1281 км роҳи автомобилгард, 6610 км хатти интиқоли нерӯи барқ, 2784 км хатти алоқа мавҷуданд.
Баъди пош хӯрдани ИҶШС (1991) Байконур моли Қазоқистон шуда, бисёр мутахассисон дар натиҷаи бекор мондан ба ватанашон (Россия ва Украина) баргаштанд. Ҳоло Байконур ба Россия то соли 2050 иҷора дода шудааст.
Парвозҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз космодроми Байконур нахустин парвози радифи маснӯи Замин, нахустин парвози инсон, парвози киштиҳои идорашавандаи кайҳонии «Восток», «Восход», «Союз», пойгоҳҳои мадории «Салют», «Мир», системаи истифодаи чандкаратаи «Энергия»–«Буран», дастгоҳҳои кайҳонии байнисайёравӣ, радифҳои маснӯи Замин ва кайҳон амалӣ карда шуданд. Аз Байконур зиёда аз нисфи парвозҳои кайҳонии дунё ба амал омаданд. 12 апрели 1961 аз Байконур аппарати кайҳонии «Восток -1» сар дода шуд, ки Ю. А. Гагаринро ба мадори наздизаминӣ баровард. Дастгоҳи мазкур дар муддати 1 соату 48 дақ. гирди Заминро як бор давр зада, дар вил. Саратов ба Замин нишаст. Нахустин зани кайҳоннавард – В. И. Терешкова низ аз ҳамин космодром ба кайҳон парвоз кард. Ҳамагӣ аз космодроми Байконур дар ин муддат зиёда аз 1500 аппарати кайҳонии таъйиноташон гуногун ва зиёда аз 100 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, 38 навъи асосии мушакҳо, зиёда аз 80 навъ дастгоҳҳои кайҳонӣ ба коинот сар дода шуданд. Байконур бо орденҳои «Ситораи Сурх» (1960), Ленин (1965), Инқилоби Октябр сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ SPACE FLIGHT 2007 — The Year in Review. Other Countries Space Activities. NASA (24 августа 2011 года). 10 сентября 2012 года санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 октябри 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байконур / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.