Байтерек
«Байтерек» — иттиҳодияи ҷамъиятии қазоқҳои муқими Тоҷикистон.
Соли 2006 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Норак, Хоруғ, Ваҳдат, Турсунзода, маркази ноҳияи Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳритус, Ҷилликӯл, Ҷалолиддини Румӣ созмонҳои ибтидоӣ дорад. Соли 2007 дар назди «Байтерек» Маркази фарҳангии миллӣ таъсис ёфт. Мақсади «Байтерек» эҳё ва нигаҳдошти хусусиятҳои хосси этникӣ, фарҳанг, маросиму анъанот ва забони модарӣ, дастгирии ҳуқуқӣ ва маънавии аъзои ҷамъият (обшина); таъмини гуногунфарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
«Байтерек» бо Ассамблеяи халқҳои Қaзоқистон, ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳрҳои Чимкенту Зарафшони Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамкорӣ дорад. Дар назди «Байтерек» курсҳои омӯзиши забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ амал мекунанд. Ба хоҳишмандон ҳунарҳои анъанавӣ ва таббохии миллии қазоқӣ омӯзонида мешаванд. Фаъолияти «Байтерек»-ро Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. «Байтерек» дар маросимҳои сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ширкат менамояд. Раиси Раёсати «Байтерек» Саминова З. узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти ҶТ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байтерек / З. Саминова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.