Байтулмаъмур
Байтулмаъмур (ар. بیت المعمور — хонаи обод) — тибқи ривоятҳо, хона ё масҷиде, ки рӯёрӯйи Байтулҳаром (хонаи Каъба) дар осмон қарор дошта, бо ибодати фариш-тагон обод аст.
Ҳамон гуна, ки дар рӯйи замин барои одамиён хонае ҷиҳати парастиши Парвардгор вуҷуд дорад, дар осмон низ барои фариштагон хонае бино шудааст, то дар он ба парастиши Илоҳӣ бипардозанд. Ҳурмати Байтулмаъмур дар осмонҳо монанди ҳурмати хонаи Каъба дар замин аст. Таркиби «ал-Байту-л-маъмур» танҳо як бор дар Қуръон (сураи Тур, ояти 4) омадааст. Дар оғози ин сура Худованд, дар баробари чанд қасам, ба Байтулмаъмур низ савганд ёд кардааст. Савганди Илоҳӣ ба Байтулмаъмур аз ҳурмату азамати воло ва муқаддасии ин хонаи обод дар пешгоҳи Худованд далолат мекунад. Тибқи ривояте, Байтулмаъмур барои Одам (а) аз биҳишт ба замин фурӯ фиристода, дар айёми тӯфон ба осмон бурда шудааст, ки номи он Зироҳ аст. Дар ривояте Байтулмаъмур ва Байтуллоҳ (Каъба) ҳаммаънӣ дониста шудааст. Тибқи ривояти диг. ва баъзе тафсирҳо, Байтулмаъмур ҳамон Масҷидулақсост, ки дар Қуръон (сураи Исро, ояти 1) зикр гардидааст. Дар ҳадисе аз Молик ибни Саъсаа омадааст, ки расулуллоҳ (с) дар шаби меъроҷ ҳамроҳи Ҷабраил (а) аз осмони ҳафтум гузашта, ба Байтулмаъмур ва, пас аз он, ба Сидратулмунтаҳо расид. Дар дастае дигар аз ҳадисҳо омадааст, ки пайғамбар (с) шаби меъроҷ дар Байтулмаъмур бо ҳазрати Иброҳим (а) гуфтугӯ карда, дигар анбиёву расулону фариштагон дар паси ӯ бо азони Ҷабраил (а) ба намоз истоданд. Дар ривоятҳои гуногун ҷойгоҳи Байтулмаъмур дар табақаҳои мухталифи осмон дониста шудааст: осмони ҳафтум, шашум, чаҳорум ва фурудин (осмони дунё). Дар ривояте омадааст, ки Байтулмаъмур муттасил ба арш аст.
Тибқи ривоятҳо, Байтулмаъмур панҷоҳ ҳазор сол пеш аз офариниши осмонҳову замин офарида шудааст. Ҳар рӯз ҳафтод ҳазор фаришта ба Байтулмаъмур фуруд омада, ба намоз меистанд ва диг. ҳаргиз ба он ҷо бознамегарданд. Пас аз тавофу зиёрати Байтулмаъмур ба замин меоянд ва ба тавофи Каъба мепардозанд. Бар Байтулмаъмур номи Худои таъоло навишта шудааст. Қуръон нахуст дар шаби қадри моҳи рамазон ба якборагӣ ба Байтулмаъмур фуруд оварда, сипас, аз он ҷо, батадриҷ, порча-порча, дар зарфи 23 сол ба расули акрам (с) нозил шудааст.
Мутобиқи тасаввуроти ирфонӣ, ҳамаи мавҷудоти олами моддӣ, аз ҷумла, хонаи Каъба, дар оламҳои пешин (олами мисол, ақл ва лоҳут) таҳаққуқ ёфтаанд. Аз ин рӯ, Байтулмаъмур ишора ба вуҷуди хонаи Каъба дар олами мисол, ҳақиқати мисолии Каъба дар оламҳои ғайбии осмони чаҳорум ё ҳафтум аст. Каъба мураббаъ сохта шудааст, чунки дар рӯёрӯйи Байтулмаъмур қарор дорад. Байтулмаъмур мураббаъ аст, ба ин далел ки дар баробари арш қарор дорад; арш мураббаъ асту калимаҳое, ки ислом бар онҳо бино ёфтааст, чаҳоранд: «субҳоналлоҳ, алҳамдулиллоҳ, ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу акбар».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دائرة المعارف بزرگ اسلامی، ج۱۳. تهران،
- ۱۳۷۳؛ دائرة المعارف قرآن کریم. ج۶. قم، ۱۳۷۲.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байтулмаъмур / С. Маҳмадуллоев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.