Jump to content

Бактерисид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бактерисидҳо)

Бактерикуш, бактерисид (аз юн.-қад. βακτηρία — «бактерия» + лот. caedo «мекушам», «маҳв мекунам») — моддаҳои кимиёие, ки барои маҳв намудани бактерияҳои бемориовар истифода мешаванд.

Дар кишоварзӣ моеъи бордосӣ ва дигарвасоити кимиёии мисдорро бар зидди бактерияҳои рӯйи барг ва шоху навдаи дарахтон кор мефармоянд. Дар байни бактерисидҳо гурӯҳи махсусро антибиотикҳо – моддаҳое, ки ба бофтаҳои рустанӣ ворид мешаванд, ташкил медиҳанд, ки стрептомитсин, тетратсиклин, фитобактериомитсин, хлоамфеникол, миомин аз он ҷумлаанд. Онҳо барои бактерияҳои ҷинси Erwinia, Pseudomonas, Xanthomonas, Agrobacterium ва ғ. заҳрноканд. Ба миқдори хеле маҳдуд ва дурудароз истифода бурдани антибиотикҳо боиси ба таъсири онҳо устувор гардидани баъзе штамми бактерияҳо мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]