Николай Балакин
Николай Балакин | |||||
---|---|---|---|---|---|
Николай Пименович Балакин | |||||
Зодрӯз | 20 август 1922 | ||||
Зодгоҳ | Самодуровка, Саратов, РСФСР | ||||
Таърихи даргузашт | 22 май 1953 | ||||
Мансубият | Иттиҳоди Шӯравӣ | ||||
Намуди лашкар | пиёданизом | ||||
Солҳои хидмат | пиёданизом[d] | ||||
Рутба | СССР, Капитан | ||||
Қисм | Полки мототирандози 120-ум гвардия | ||||
Фармондеҳ | ротой | ||||
Ҷоизаҳо |
|
||||
Равобит |
Николай Балакин (русӣ: Николай Пименович Балакин; 1922, деҳаи Самодуровка, ноҳияи Черкасс, Саратов —1953, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон) — лейтенанти калони горд (гвардия), иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Николай Балакин 20-уми августи соли 1922 дар деҳаи Самодуровкаи ноҳияи Черкасси вилояти Саратов дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1932 ба ҶШС Тоҷикистон мекӯчанд. Аз соли 1932 дар ноҳияи Колхозободи ҶШС Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Хатмкардаи мактаби миёнаи ба номи Горкий. Дар ноҳияи Ворошиловобод, баъдан дар МТС-и Ленингради ноҳияи Панҷ ба ҳайси муҳосиб кор кардааст. Соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, ҳамчун командири ротаи дивизияи 39-уми тирандози гвардия зидди фашистон ҷангидааст. Апрели 1945, ҳангоми убури дарёи Шпрее, бо гурӯҳи худ аввалин шуда ба соҳили рост мегузарад ва гарнизони фашистонро, ки пулро посбонӣ мекарданд, торумор мекунад. Дар натиҷаи ин амалиёт қисмҳои Артиши Шӯравӣ ба канори Берлин мебароянд. Бо мақсади нест кардани сангарҳо ба ақибгоҳи душман гузашта, бо ҳамлаи ногаҳонӣ онҳоро маҳв мекунад. 30 гитлерӣ нест шуда, 68 нафар асир меафтанд. Баъди хидмат ҷонишини директори Заводи чармгарии Душанбе буд.
Ҷоизаҳо ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ[1].
- Орденини Ленин,
- Медали «Золотая Star».
- Ордени Александр Невский[2].
- Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II[3].
- Медали «Барои мудофиаи Сталинград»[4].
- Медалҳои ИҶШС.
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳайкал дар болои қабри Н. П. Балакин дар шаҳраки Колхозобод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Игорь Сердюков. Николай Балакин. Сайти «Герои Страны». 5 феврали 2015 санҷида шуд.
- Сечкина Л. П. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон. Д., 1968.
- Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — 100 000 экз. Шаблон:Книга:Герои Советского Союза
- Сечкина Л. П. Твои герои, Таджикистан. — Душанбе, 1985. — С. 64-65.
- Морозов А. В. 39-я Барвенковская. — М.: Воениздат, 1981.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балакин, Николай Пименович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 август
- Зодагони соли 1922
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Саратов
- Даргузаштагони 22 май
- Даргузаштагони соли 1953
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Александр Невский (ИҶШС)
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи низомиён